Аксияи «Об барои рушди устувор»

БӮСТОН. Тибқи нақшаи бахши кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон аксияи «Об барои рушди устувор» ташкил ва гузаронида шуд. Дар чорабинии мазкур аъзоёни фаъоли ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон иштрок намуданд. Боиси қайд аст, ки ташаббуси эълони Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” аз ҷониби Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал дар рафти Форуми 7-уми ҷаҳонии об, ки моҳи апрели соли 2015 дар Ҷумҳурии Корея баргузор гардида буд, пешниҳод шуда буд. Ҳангоми суханронӣ дар Форум Президенти кишвар қайд намуда буданд, ки “… таҳдиду хатарҳои муосири глобалӣ, аз ҷумла буҳронҳои молиявию иқтисодӣ, афзоиши аҳолӣ, тағйири иқлим, зуд-зуд рух додани ҳодисаҳои офатбори гидрометеорологӣ, норасоии об ва дар натиҷа, боло рафтани сатҳи камбизоатӣ, густариши бемориҳои сирояткунанда ва афзоиши фавти модару кӯдак, аз мо саъю талоши бештар ва дар ин арса андешидани тадбирҳои марбутаро тақозо доранд”. Кумиҷрои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон минбаъд низ фаъолияти худро дар ин самт давом медиҳад.

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>