Тарғиби ҳунарҳои мардумӣ

гулистонр

ГУЛИСТОН.    Тибқи нақшаи чорабиниҳои татбиқи Барномаи «Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон  бо занону духтарони хонанишин баҳри тарғиби ҳунарҳои мардумӣ вохӯрӣ ташкил ва баргузор карда шуд. Дар вохӯрӣ беш аз 85  нафар занону духтарони хонанишини маҳаллаи Истиқлол, Қолинбоф, Исмоили Сомонӣ  иштирок доштанд. Дар он намояндагон аз Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Раҳимова Муяссар Абдураҳмоновна мудири шуъбаи кор бо занон ва Раҷабова Гулбаҳор Мӯминҷоновна мудири шуъбаи кор бо ҷавонон иштирок ва баромад намуданд.     Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани соли 2018 ҳамчун   «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» омили хуб барои истифодаи захираҳои инсонӣ,  пешбурди навъҳои мухталифи ҳунар, баргузории намоишгоҳҳо хоҳад буд. Мақсад пеш аз ҳама рушди ҳунарҳои мардумӣ, эҳё намудани ҳунарҳои гумшуда рафта, муарриф намудани ҳунарҳои халқи тоҷик, баланд бардоштани сатҳи шуғли аҳолӣ ва некӯаҳолии мардум аст. Ҳунар ганҷинаи  пурзар ва ҳунарманд заргари бузургест, ки бо офаридаҳои ҷолибаш мафтунгари дилҳои инсонист. Назокату насофати ҳар як ҳунарманди асил сирри ниҳони худро дорад, ки дастовардҳои ҳар як ҳунарманд аз дигаре хубтару беҳтар диққати бинандаро ба худ ҷалб менамояд, вале фарди беҳунар дар ҳама маврид хору залил аст…  Мулоқот дар фазои озод бо пурсиш ва посухҳои мушаххас ба итмом расид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>