Насли худогоҳи миллатро тарбия мекунем

хуҷанд насли

ХУҶАНД. Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ҷавобан ба ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми саъю талоши хешро ба омӯхтани донишу маърифат, интихоби касбу ҳунарҳои муосиру замонавӣ, созандагиву бунёдкорӣ равона созанд. Бо мақсади огоҳӣ пайдо намудани фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон донишҷӯёни факултаи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон таҳти роҳбарии омӯзгори фанни сиёсатшиносӣ ба Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд омаданд. Мудири шӯъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маҳмадсалим Ҳаитов бо донишҷӯён мулоқот ороста, доир ба фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон суханронӣ намуд ва маълумоти муфассал дод.  Аз ҷумла зикр дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ташкилоти ҷамъиятии сиёсӣ буда, барои таҳкими давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона, инчунин иқтисодиёти устувор, ки баҳри беҳбудии ҷомеа нигаронида шудааст, фаъолият менамояд. Ҳизб дар фаъолияти худ бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ба фазилатҳои баланди сиёсӣ, сифатҳои наҷиби ахлоқӣ ва маърифати пурсамари маънавии аъзояш такя намуда, кӯшишу ғайрат ва донишу идроки онҳоро барои мустаҳкам намудани истиқлолияти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоӣ вафарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар менамояд. Ҳизб дар доираи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, ҚонуниҶумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, инчунин Оиннома ва Барномаи худ амал мекунад. Ҳизб дастовардҳои афкори пешқадами ҷамъиятро эҷодкорона татбиқ намуда, манфиатҳои мардумро сарфи назар аз вазъи иҷтимоӣ, мансубияти миллӣ, мавқеи ҷамъиятӣ ва муносибат ба дину мазҳаб ҳимоя намуда, суннату анъанаҳо ва арзишҳои беҳтарини миллӣ, таърихӣ ва фарҳангиро дастгирӣ ва инкишоф дода, ҳар гуна зуҳуроти маҳалгароӣ, миллатчигӣ, таассуби динӣ, зӯроварӣ, экстремизм (ифротгароӣ), терроризми сиёсӣ ва диниро қатъиян маҳкум намуда, худшиносӣ ва ватанпарастиро асоси фаъолияташ мешуморад. Ҳамзамон дар баромади хеш аз дастгириҳои давлат ва Ҳукумат нисбати ҷавонон зикр сохта гуфт, ки бояд ҷавонони имрӯза ба қадри тинҷиву оромӣ, шароити хуби таҳсил расанд ва ба ҷои шомил шудан ба ҳизбу ҳаракатҳо аз паи навовариву навҷӯиҳо шаванд, зеро ҷаҳони муосир ба суръати кайҳонӣ пеш меравад ва иқтидори ҳар давлат аз чигунагии кадрҳои соҳибтахассусаш вобастагии калон дорад. Дар охир донишҷӯён ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>