Сарчашмаи тарбия аз нерӯи зан аст

исфара

ИСФАРА. Тарбияи насли наврас дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ яке аз ҳадафҳои асосии барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон будаа, баҳри татбиқи амалии он Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи Устомулло бо аъзои ҳизб ва ҷонибдорони он мулоқот доир намуд. Модарон дар мулоқот бобати баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, даъвати ҷавонон ба сафи Артиши Миллӣ, баланд бордаштани фарҳанги оиладорӣ изҳори андеша карданд. Мудири бахши занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара Фотима Тоҷибоева оид ба мавқеъи зан дар ҷомеа гузориши муфассал пешниҳод карда, зикр намуд, ки дар Барномаи ҳизб дар самти татбиқи сиёсати гендерӣ ва таҳкими оила иҷрои чор ҳадафи муҳим:

-  тақвияти мақоми зан дар ҷомеъа ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳи иштироки онҳо дар фаъолияти мақомоти давлатӣ, фароҳам овардани шароит барои донишомӯзӣ, касбомӯзии занону духтарон ва бо шуғли доимӣ фаро гирифтани онҳо, таъмини дастрасии занон ба захираҳои иқтисодӣ, рушди соҳибкории занон ва таҳкими оила пеш гузошта шудааст.

Занону модарони бонангу номус ҳанӯз дар даврони ниҳоят мушкили оғози Истиқлолият обрӯ ва шарафи мамлакатро  ҳифз намудаанд. Дар таърихи Исфара занони шуҷо идомадиҳандагони анъанаҳои неки Ашӯрбибӣ Азимова, Суфроапа Боқиева, Очахон Тошхӯчаева, ва даҳҳо дигарон кам нестанд.Занони боирода фарзандони худро ҳамеша аз овони кӯдакӣ ба хизмати Модар- Ватан, ҳифзи марзу буми он, таъмини пешрафти ҷомеа омода мекунанд. Дар ҳар хонадоне, ки зан — модар соҳибмаълумоту ташаббускор аст,ҷавонон бо амри дил бо ихтиёри худ камари ҳиммат ба хизмати Модар – Ватан бастаанд. Вале дар он манзиле, ки зан модар ба зиндагӣ нигоҳи тоза надорад, фарзандон сарсону саргардон аз таълиму тарбия ва эҳтиром ба Ватан дар каноранд.Сулҳу амнияти кишвар шароит муҳаё кардааст, ки ҳар як ҷавон пеш аз ҳама аввал қарзи фарзандиаш хизмат ба Ватанро ба ҷо орад. Дар мулоқот аъзои раёсати КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара  Муҳиба Ёқубӣ даъват ба амал овард, ки занон ҳамчун тарбиятгари ҷомеа на танҳо ба тарбияи духтарон, балки ба тарбияи ватандӯстонаи ҷавонон низ масъул буда, дар ин самт бояд, ки ҳамарӯза ба фарзандонашон  оид ба қадру қиммати соҳибдавлативу соҳибватанӣ ва эҳтиром ба Модар – Ватан расидан насиҳатгар бошанд. Аъзо Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Мавҷуда Назирова ба занон тавсия дод, ки ба тарбияи худшиносӣ ва ифтихори миллии ҷавонон этибори хоса диҳанд. Танҳо тарбияи дуруст ва бо илму дониш фаро гирифтани ҷавонон метавонад сипари ҳамагуна гаравиши ҷавонон ба ҳизбҳои бемаънӣ ва саркашӣ аз хизмат ба ватан гардад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>