Мулоқот бо омӯзгорон

конибодом мулоқот

КОНИБОДОМ. Рузи гузашта ҷонишини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом Холматова Х ва раиси шӯрои собиқадорон Мақсудов Р бо омӯзгорони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №41-и Ҷамоати деҳоти ба номи А.Лоҳутӣ мулоқот баргузор гардид. Дар мулоқот Холматова Х ва Мақсудов Р оид ба касби пуршарафи омӯзгорӣ ва саҳми онҳо дар таълиму тарбия, масъулиятнокии ҳар як шахс ва бетарафӣ набудани мардум доир ба масъалаҳои ободии диёр, даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ, мавсими парвариши кирмакпарварӣ, оид ба пешгирии ҷудошавии оилаҳо суханронӣ намуданд. Мулоқот хеле озод ва самими баргузор гардид ва омӯзгорон аз ин мулоқот баҳраманд гаштанд. Дар фарҷом ба якчанд омӯзгорон шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>