БО ИФРОТГАРОӢ МУБОРИЗА ДАСТАҶАМЪОНА МЕБОЯД

андеша 2

АНДЕША. Нафаре, ки либоси илму ҳунар ба бар кардааст онро чун сипару ҷавшан аз ҳамаи офатҳо ва ҳаводиси рӯзгор эмин нигоҳ медорад, чунки шахси боилм ва соҳиби ақлу идрок дар ҳама гуна носозгориҳо ва пастиву баландиҳои зиндагӣ чӣ кор кардан ва чӣ тавр рафтор карданашро аз рӯи илму донишаш анҷом мебахшад. Маълум аст, ки ҷавонони саодатманди ҷумҳурӣ ҳамчун пайравони содиқи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амал намуда, бо ин мақсад нақшаҳои бузурги онҳоро ба эътибор гирифта, Пешвои миллат муҳтарам Эмоммалӣ Раҳмон соли 2017-ро “Соли ҷавонон” эълон намуданд, ки ин масъулиятшиносӣ ва боварии ҷавононро нисбат ба нерую имкониятҳояшон боз ҳам афзуд. Ҷавононе, ки аз ҷиҳати илму дониш ва фарҳанг дуранд бегонапарастӣ намуда, ба доми ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва бахусус ба доми аъзоёни ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ шомил гардида, арзишҳои муқаддаси миллию диниро таҳриф намуда, худ ва даҳҳо нафар ҷавононро ба гирдоби раҳгумӣ меандозанд. Инчунин омилҳои бегона ва андешаи бегонапарастӣ дар тафаккури бархе аз мардуми мо ҷой гардида, онро аз андешаи худӣ ҷудо намудааст. Маънои калимаи ифротгароӣ ин иғво андохтан ва ноором кардани вазъи ҷамъияти аҳли башар мебошад. Аз расонаҳои ахбор мо бохабар ҳастем, ки ҳоло ҳам ҷавонони мо аз рӯйи нофаҳмӣ, зудбоварӣ ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгаро дохил шуда, барои нооромсозии вазъ кӯшиш менамоянд. Аз нигоҳи ман як қатор омилҳое мавҷуданд, ки сабаби ба гурӯҳҳои ифротӣ шомил шудани ҷавонон мегарданд ин ҳам бошад саводи кофӣ надоштан, бемасъулият будани падару модар дар тарбияи фарзанд ва амсоли инҳо мебошад. Масалан имрӯз дар байни фарзандони ҳамватанони мо, ки дар кишварҳои хориҷ барои пайдо намудани ризқу рӯзӣ ба муҳоҷироти меҳнатӣ ва ё барои таҳсили илм сафар намудаанд, зуд ба доми фиребу найранги нафарони ноогоҳ афтида, ҳаёти худро зери хатар мегузоранд, ки ин амал боиси бадбахтии худ ва аҳли хонаводаашон мегардад. Ҳар нафаре, ки аз кишвари мо ба ин гурӯҳҳои ифротӣ шомил мешавад ва барои амалӣ намудани фаъолиятҳои зидди давлативу зиддимиллии онҳо дар раванди аз байн бурдани кишвари худ саҳмгузорӣ мекунад, ҳамчун хиёнаткор дар назди халқу Ватан шинохта мешавад ва як умр обрӯву иззати икроми худро аз даст медиҳад ва аҳли оила аз дасти чунин корҳои нодурушти фарзандони худ як умр шарманда мешаванд. Барои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба «Вабои аср» гӯем ҳам хато намекунем, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти дахлдор супориш доданд, ки он шахсоне ки ғайриқонунӣ барои таҳсил ба кишварҳои исломӣ рафтаанд боз гардонида шаванд.  Барои ин зарур мешуморем, ки дар муассисаҳои таълимӣ бояд кори созмонҳои тарбиявӣ ва созмонҳои ҷавонон хуб ба роҳ монда шавад. Чунки бештар сафи созмонҳои байналмиллалиро ҷавонон ташкил медиҳанд. Оромиву шукӯҳи ҳар як шаҳрванд аз он вобаста аст, боз барои мусаллаҳии ҷавонон маҳфилу ҷамъомадҳо ва чорабиниҳои синфӣ ва берун аз синфӣ инчунин дар муассисаҳо гузаронидании дарсҳои соатҳои тарбиявӣ баргузор гардад. Зеро ҷалби ҷавонон ба ингуна маҳфилҳо ва чорабиниҳо боиси мусаллаҳии хонандагон бо илму дониши кофӣ ва одобу ахлоқи ҳамида мегардад. Мо шаҳрвандони Тоҷикистони азизро зарур аст, ки баҳри боз ҳам ободу зеботар гардидани Ватани биҳиштосоямон аз таҳти дил кору меҳнати самимию бобаракат карда дар таълиму тарбияи насли ҷавонон саҳми арзанда дошта бошем. Ва ҳеҷ гоҳ мо фирефтаи сиёсати пучи гурӯҳу равишҳои бегона нагардем. Яке аз беҳтарин шеърҳои устод Лоиқ дар мавзӯи ҷавонон гуфтааст.

Ман давоми рӯзгори рафтагонам,

Посдори хотири қурбониёнам.

Хома андар даст бар ҷои камон,

Ман ҷавонам, ман ҷавонам, ман ҷавон.

Файзуллоева Ш.А.

омӯзгори МТМУ № 3 шаҳри Бӯстон

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>