ИФРОТИЁН ҶАВОНОНРО МАВРИДИ ҲАДАФ ҚАРОР МЕДИҲАНД

андеша

АНДЕША. Мавриди зикр аст, ки кулли сокинони сайёра падидаҳои номатлуби ҷаҳони имрӯзаро аз қабили экстремизму терроризм ва зуҳури ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву тундгаро, ки бархе аз ҷавонони гумроҳро ба доми фиреби худ мекашанд, маҳкум менамоянд. Махсусан афзун гардидани сафи гумроҳон ва шомилгардидагон ба сафи ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ аз ҷумла ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон боиси нигаронии кулли ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Ифротгароӣ дар байни ҷавонон бештар ҷиноятҳои вазнинро ба миён меорад, аз ин рӯ ҳар фарди худогоҳу худшинос ва ватанпарварро зарур аст, ки нисбат ба ин гуна кирдори ҷиноӣ бетараф набошад. Аксарияти ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ фаъолияти худро бо дину мазҳабҳо дар омехтагӣ ба анҷом дода, бо ин мақсад  мехоҳанд   амалҳои  харобиоварӣ  хешро амалӣ намоянд. Яке аз чунин созмонҳо ташкилоти экстремистӣ-терористии ҳизби наҳзати  исломии Тоҷикистон  мебошад. Ҳанӯз дар замонҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз фазои холи динӣ кишварро ба ҷанги бародаркуш оварда расонид.  Маҳз чунин фаъолити  ҳизби мазкур буд, ки бинобар даст доштан дар оғози  ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон фаъолияти ин ҳизб аз соли 1993 то соли 1997 манъ карда шуд. Ҳамзамон дар кишвар бо мақсади таҳкими сулҳу субот ва танинандозии Ваҳдати миллӣ дубора ба фаъолити ин ҳизб аз ҷониби роҳбарияти Олии кишвар иҷозат дода шуд.  Гарчанде  фаъолияти  ҳизби динӣ дубора дар кишвар иҷозат дода шуд, боз ҳам роҳбарон ва саркардагони ҳизби наҳзати  ислом аз номи дини мубини ислом сӯйистифода намудан, мардумро гуҳроҳ карданӣ хостанд. Ин буд, ки дубора фаъолияти  ин  ҳизб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ карда шуд. Маҳз бо мақсади тинҷиву оромӣ ва сулҳу суботи кишвар, пеш аз ҳама мо омӯзгоронро зарур аст, ки  насли наврасро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва ҳифз намудани муқаддасоти миллӣ тарбия карда бошем. Дар ниҳоди шогирдонамон меҳру муҳаббатро нисбати Модар-Ватан бедор намоем ва насли шоистаи замонро тарбия кунем.

 Ҳамдамова У. Н.

омӯзгори МТМУ 11

Ҷамоати шаҳраки Палоси шаҳри Бӯстон

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>