ТАРБИЯИ ФАРЗАНДОНИ БОНАНГУ НОМУС — КОРИ ДАСТАҶАМЪИИ АҲЛИ ҶОМЕА

grafo-historica-300x199

АНДЕША. Афзоиши  пайвастаи ташкилот ва гурӯҳҳои террористӣ дар  ҷаҳони муосир аз омилҳои муташанниҷ гаштани вазъи сиёсию иҷтимоии замони имрӯза  гаштааст.  Дигаргуниҳои калони сиёсӣ,  иқтисодӣ ва иҷтимоие, ки Тоҷикистон  дар соли 90-уми асри гузашта рӯ ба рӯ шуд, кишвари моро ба душвориҳои  сангин дучор сохта, боиси сар задании ҷангҳои  дохилию такмилии солҳои  1992-1997  гардид, ки дар  натиҷа ҳаёти зиёда аз 150 ҳазор шаҳрванд бесару сомон шуда, оқибатҳои он  ҳоло  ҳам  эҳсосо  мешавад ва  хотираҳои мардумро  ранҷ медиҳад. Агар мушоҳида намоем, барои сар задани ин бусарусониҳо бешак ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва хоҷагони хориҷии онҳо даст доштанд. Бо мақсади аз ҷиҳати ҳуқуқӣ асоснокк кардани мубориза  ба муқобили терроризм ва экстремизм,  16 ноябри соли  1999 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи мубориза бар муқобили терроризм» ва 21 ноябри соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экстремизм»  қабул карда  шуда, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи мубориза бар муқобили  терроризм ва  зуҳуроти дигари экстремизм барои  солҳои  2006-2010», Стратегияи мубориза бар зидда терроризм ва экстремизм ва «Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқобили терроризм ва экстремизм»  роҳандозӣ карда  шуд. Айни замон дар  байни терроризм ва экстремизм ягонагии  амалиёт дида мешавад: ҳардуи  ин зуҳурот масъаларо  бо  роҳи зӯроварӣ  ҳал  кардан  мехоҳанд. Қувваҳои  экстремистӣ дао ҳолатҳои  муайян аз ҳиссиёти динии мардум истифода бурда бо шиору тавсияҳои ғаразнок  онҳоро ба  вартаи фалокату ҳалокат кашида фазои сиёсии кишварҳои  алоҳидаро муташанниҷ  меккунанд.  Ғайр аз  ин экстремизм берун  аз сиёсат низ арзи вуҷуд  карда метавонад. Сарвари муаззами кишвар, Пешвои миллат,  муҳтарм  Эмомалӣ Раҳмон  борҳо аз минбарҳои  сатҳи  гуногун  иброз  доштаанд,  ки   «Террорист,  Ватан, миллат ва мазҳаб надорад ва аз ин  рӯ мубориза ба муқобили терроризм  ва экстремизм  фароҳам  овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои  якдигар  ва  муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар  пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо мекунад» Имрӯз  дар ҷомеаи  Тоҷикистон, ки  дар баёни  ҷавонон шуури динӣ рӯ ба инкишоф ниҳодааст ин раванди хатарнок натанҳо  барои ҷамъият ва давлат, балки  барои исломи  анъанавии мазҳаби  ҳанафӣ низ  бетаъсир намемонад.  Дар  айни замон ба омилҳои паҳн  гаштани зуҳуроти терроризм ва  экстремизм мо бояд  фаромӯш накунем, ки асоси  он  дар  соҳаи иқтисодию иҷтимоии ҷаҳони муосир  ниҳон  аст. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар  бораи  масъулияти падару модар дар   таълиму тарбияи  фарзанд»  дар  байни ҷомеа мавриди мубоҳиса ва андешарониҳои зиёд гардид. Мутобиқи моддаи 8-и  қонуни  мазкур падару модарон ӯҳдадор карда мешаванд, ки фарзандонашонро  аз иштирок дар фаъолияти муассисаҳои  динӣ, ғайр аз  кӯдаконе, ки дар мактаби махсуси  динӣ таҳсил менамоянд, манъ намоянд. Танҳо соли 2013 барои риоя накардани ин талаботи қонун бештар аз 3100  падару  модар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд. Албатта ин ҳама  чораҳо  барои беҳбудии ҷавонон ва пурмасъулият гардидани  волидони онҳо андешида мешавад. Зеро аз роҳи бад гардонидани фарзанд ин вазифаи волидон мебошад. Ҷавонон ва наврасон бояд аз сулҳу суботи  имрӯза шукргузорӣ намоянд. Танҳо дар сурати ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо  паси  сар мешаванд.  Рӯзгори   мардум   рӯ ба беҳбудӣ  меорад., кишвари  азизамон ба шоҳроҳи пешрафту   тараққиёт рӯ меорад. Ба ақидаи Президенти  мамлакат,  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзанда бошад, медонад, дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле  ҳаст, ки  ҳамеша меваи ширин  ба бар меорад. Мо меваи   ширину сабзонидаамонро  чашидем, ҷомеаи мо  аз  он  баҳравар гардид, мо ҳаргиз  роҳ  немедиҳем, ки дигар  теша  ба решаи  он расад» Он дарахте, ки Президентамон ба сулҳу ваҳдат ташбеҳ додаанд, имрӯзҳо  меваи ширину  бисёре ба самар оварда истодааст, ки бо онҳо  мо  тоҷикон фахр  месозем.  Муносибати нави  давлатӣ, сиёсати  соҳибистиқлол  гардидани Тоҷикистон, сохтмони роҳҳои нави дохилию берунӣ ва ба хориҷи кишвар баромадани тоҷиконро ба миён  гузошт. Хушбахтем озоду бофароғат зиндагӣ мекунем, офтоби гармтабиат  саховатмандона ба сарамон нуру зиё мебахшад  ва шодиамонро  афзун мегадонад. Ҳақиқатан  Ваҳдати  миллӣ шукуфоии Ватан  аст, зеро дар  давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукмфармост, он давлат рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд,  ҳам аз ҷиҳати  сиёсӣ ва ҳам  ах ҷиҳати фарҳангӣ пеш  меравад. Пас мо, омӯзгорон, кӯшиш намоем, ки насли наврасро дар руҳияи хештаншиносӣ, меҳанпарастӣ, ҳимоятгарӣ тарбият намоем ва таъкид намоем, ки чун як фарзанди бонангу  номус ва барои миллат бо сулҳу ваҳдати кишвари азизи  худ  ифтихор кунанд, марзу буми онро ҳимоят намуда, бар зидди  ташкилотҳои террористӣ мубориза баранд. Зеро Тоҷикистони соҳибюистиқлол умед ба ҷавонони ояндасози бо  нангу номус дорад.

 

Каримова И.С.,

омӯзгори фанни забони русии

МТМУ №10, шаҳри Бӯстон

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>