ҲИФЗИ ВАТАН АЗ ИФРОТИЁН ҚАРЗИ СОҲИБВАТАН АСТ

pottermore-magical-quill-o

АНДЕША. Ифротгароӣ ва терроризм падидаҳои номатлубе ҳастанд, ки дар замони ҳозира ба яке аз масъалаҳои умумиҷаҳонӣ мансуб гаштаанд. Ҳоло дар ҷаҳон чандин ташкилотҳои ифротгароӣ ва бахусус ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон амал мекунанд, ки кӯшиши бо мафкураҳои носолим мусаллаҳ кардани ҷавононро доранд. Ҷавонон дар ҳар давру замон қишри муҳими ҷомеа маҳсуб ёфта, дар раванди давлатдорӣ таъсири хешро мегузоранд. Агар ба саҳифаҳои таърих назар афканем, кам нестанд воқеаҳо ва рӯйдодҳои азиме, ки дар он нақши ҷавонон мавқеи хоса дорад.  Дар бобати ҷавонон ва саҳми онҳо дар ҷомеа Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳои хеш таъкид намуда, онҳоро ба дӯст доштани Ватан, худшинос будан ва касби хислатҳои ҷавонмардона даъват менамоянд. Авзои сиёсии ҷаҳони муосир пурпечутоб буда, дар он гурӯҳҳои зиёди иртиҷоӣ, ки зидди ҳукуматҳои қонунӣ ҳастанд, фаъолияти махфӣ ва ошкоро бурда, ҷавонони сатҳи пасти маърифатӣ ҳуқуқӣ ва сиёсӣ доштаро ба сафи пеш ҷалб менамоянд, онҳоро ба роҳи амалҳои ғайриқонунӣ сафарбар месозанд, ки ин ҳодиса яке аз зуҳуроти номатлуб дар мамлакатҳои зиёди дунё мебошад. Боиси қайд аст, ки амалҳои террористии замони муосир хислати муташаккилиро касб намудаанд. Вазъияти Ироқу Сурия ва дигар кишварҳо, ки таҳти нуфузи гурӯҳҳои террористӣ қарор доранд, ба ҳамагон равшан аст. Чӣ тавр зуҳуроти номатлубро пешгирӣ бояд намуд? Пеш аз ҳама, маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсии ҷавононро баланд намуда, муқаддас будани Ватан, модар, сулҳ ва арзишҳои дигарро фаҳмонидан лозим аст. Бо воситаи телевизион ва дигар васоити ахбори омма пахш намудани барномаҳои тарғибот ва ташвиқот, ки амалҳои номатлубро танқид намуда, тарзи ҳаёти солимро инъикос гардонад, зарур мебошад. Зеро васоити ахбори омма қудрати хуби таъсиррасонӣ, сафарбарсозӣ, маърифаткунонӣ дошта, барои бартараф намудани унсурҳои зуҳуроти номатлуб дар ҷомеа ҳиссаи калон доранд. Дар ҷамоатҳо ва маҳаллаҳо доир намудани мулоқот ва вохӯриҳо оид ба амалҳои номатлуби давр, ташкил кардани аксияҳои ҷавонон ва тақсим намудани варақаҳои иттилоот оид ба оқибатҳои сигоркашӣ, майнӯшӣ ва дигар амалҳои номақбул муҳим аст.   Чӣ хеле ки мегӯянд, пешгирӣ аз табобат беҳтар аст. Пас мо ҷавонони саодатманди давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва тамоми қишрҳои ҷомеа, даст ба дасти ҳам гирифта, ба муқобили ин зуҳуроти номатлуби давр мубориза мебарем, то ин ки сарзамини биҳиштосо, ором ва ободро аз ин ҳам ободтар созем ва ба наслҳои оянда мерос гузорем.

 

Файзуллоева  Ш.А

омӯзгори фанни

таърихи МТМУ №3,

шаҳри Бӯстон     

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>