Даҳсолаи байналмиллалии «Об барои рушди устувор» — аз шиор ба амал»

СПИТАМЕН. Имруз, дар асоси нақшаи кории Шӯрои ҷамъиятӣ ва ҷамъияти   ҳаракати  Ваҳдати миллӣ ва Эҳёи  Тоҷикистон дар вилояти Суғд, бо як гурӯҳи тарғиботгарон аз ҳисоби шахсони барӯманд, ходимони илм машварати дастурдиҳӣ дар мавзӯи Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор барои солҳои 2018-2028» дар толори фарҳанги ноҳияи Спитамен баргузор гардид. Дар машварат   намояндагони Шӯрои ҷамъиятӣ ва ҷамъияти ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва Эҳёи Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен , зиёда аз 70 нафар намояндагони ташкилоту корхонаҳо . фаъолон, гуруҳи тарғиботгарон ва ташвиқотчиён иштирок намуданд. Пеш аз оғози машварат, гурӯҳи тарғиботгарон:  Усмонов Қобилҷон Раиси Шӯрои ҷамъиятӣ ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва Эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд, М. Воҳид  нависанда, Собиров Муродҷон Собитович дотсент, мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиат дар ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғаффуров   бо Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен О,Насруллоев, дар утоқи кории Кумитаи иҷроия гирди мизи мудаввар сӯҳбати самимона ороста, сипас аз намоиши деворанигору буклет ва корҳои амалии хонандагони муассисаҳои таълимӣ бахшида ба мавзӯъи «Об манбаи ҳаёт аст» дидан намуда, вориди толор гаштанд. Машваратро мудири ш\ъбаи рушди иҷтимои вар обита бо ҷомеаи назди МИМҲД-и ноҳия П.Пиров ҳусни ифтитоҳ бахшид.   Сараввал, М.Воҳидов баромад намуда аз таърихи рузҳои бадастоварии Ваҳдати миллӣ ва кушодашавии сарҳади ду дӯсти бародар Тоҷикистону +збекистон гуфта гузашта дар назар дошт, ки  заминаи ҳамагуна сулҳу осоиштагӣ ва тинҷӣ ин Ваҳдат мебошад. Ҳамаи рӯзҳои таърихиро, ки имрӯз боиси ҳаёти хушбахтона гаштааст, ба хотир овардан ва дар хотир нигоҳ доштан ин фазилати неки инсон аст. Сипас Собиров Муродҷон Собитович ба сухан баромад намуда оиди захираи об ҳам назарияви ҳам илмӣ маълумот дод. Роҷеъ,  Усмонов Қобилҷон гуфт, ки хабари навбатие, ки миллати тоҷикро хушҳол кард, ин бевосита аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид (СММ) қабул гардидани ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки бо пешниҳоди сарвари давлати мо Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” қабул гардида, он аз ҷониби 192 давлати дунё эътироф карда шуд, ки ин эътирофи миллати тоҷик аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонист. Дар фарҷом П.Пиров ба гурӯҳи тарғиботгарон изҳори минаддорӣ баён намуда, иштирокчиёни машваратро даъват намуд, ки аз суханрониҳои меҳмонон хулосаи зарурӣ бароварда, қадру қиммат ва сарфакории обро то ба хурду калон расонанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>