Конфронси илмӣ-амалӣ доир гардид

ҶАББОР РАСУЛОВ. Бахшида ба 140-солагии сардафтари адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ дар Коллеҷи муҳандисӣ-омӯзгории ноҳияи Ҷаббор Расулов Конфронси илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва омӯзгорӣ Пирмамадов Давлатхон кори конфронсро оғоз бахшида, оиди ҳаёту фаъолияти устод Айнӣ ва саҳми ӯ дар ташаккул ва пойдории забону адабиёти тоҷик суханронӣ намуд. Сипас омӯзгори фанни забони тоҷикӣ Мухторова Шаҳло дар мавзӯи «Тарҷумаи ҳоли устод Айнӣ», омӯзгори забону адабиёти тоҷик Саидова Гулбаҳор дар мавзӯи «Бузургон дар васфи Айнӣ», омӯзгори фанни забони тоҷикӣ Ҷумабоева Ҷамила дар мавзӯи «Айнӣ ва саҳми ӯ дар инкишофи забони тоҷикӣ» ва ҷонишини директори коллеҷ Алиев Мирзо дар мавзӯи «Назму насри устод Айнӣ» баромад намуданд. Донишҷӯёни коллеҷ аз эҷодиёти Садриддин Айнӣ шеърҳо қироат намуда, аз рӯйи асарҳои устод саҳначаҳо намоиш доданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>