Пирӯзии варзиши каратэ-Кёкушинкай

ДЕВАШТИЧ.  Тайи 2 сол аст, ки дар назди МТМУ№16-и ноҳияи Деваштич бо роҳбарии Умед Нуруллоев ва варзишгар Фарзод Нуруллоев толори варзишии каратэ Кёкушинкай кушода шудааст, ки дар он насли навраси аз 7 то 13 сола машқу тармим менамоянд. Варзишгарони муассисаи мазкур ба мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба каратэ кёкушинкай дар шаҳри Душанбе иштирок карданд. Лоиқ Қобилов дар вазни 42 кг ҷойи аввал, Умедҷон Каримов дар вазни 25 кг ҷойи аввал, Саидшоҳрух Ҷаъфаров дар вазни 40 кг ҷойи сеюм ва Аҳмадҷон Саидов дар вазни 50 кг ҷойи сеюмро ишғол намуданд. Инчунин дар муассисаи таълимии №16  ба як қатор ғолибон Лоиқ Қобилов, Саидшоҳрух Ҷаъфаров, Умедҷон Каримов, Аҳмадҷон Саидов, Дамирҷон Файзиев, Мустафоқул Қӯлдошев, Шаҳром Муминов, Наврӯз Ҳоҷиев, Азизҷон Носиров, Тоҷибой Ҳакимов, Давлат Муқумов, Саидҷон Нуруллоев, Садриддин Ҷумаев, Хушбахт Бобоҷонов ва Комрон Насимов сертефикати президенти федератсияи Кёкушинкай супорида шуд. Сарвари муассисаи таълими Ю.Қаҳҳоров ва омӯзгор М.Нуруллоев ба ғолибон дар оянда муваффақиятҳои нек таманно намуданд. Хонандагони муассиса ғолибонро бо комёбиашон табрик намуда, бо шеъру суруд таъби ҳамагонро болида гардониданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>