Эҳтироми забони давлатӣ эҳтироми миллат аст…

БӮСТОН. Имрӯзҳо тибқи нақшаи кории комиссияи вилоятӣ ва шаҳрӣ оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар коргоҳу муассисаҳои ҳудуди шаҳри Бӯстон санҷиши ҳолати насби шиору овезаҳо ташкил ва баргузор гардида истодааст.  Аз ҷумла имрӯз бо иштироки шахсони масъул оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳри Бӯстон Фотима Ҷалолова ва Гулсара Аҳророва — устодони Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, номзадҳои имлҳои филологӣ, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Бӯстон Мамнур Нурзода, сармуҳаррири рӯзномаи шаҳрии «Паёми Бӯстон» Саидмаҳмад Шодиев дар бозорҳои «Помир-Суғд» ва «Сомон»-и шаҳр санҷиши ҳолатҳои насби шиору овезаҳо гузаронида шуд. Ҳамзамон раванди ҳуҷҷатгузории бозорҳои мазкур мавриди санҷиш қарор гирифта. барои рафъи камбудиҳои ҷойдошта дастуру маслиҳатҳо дода шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>