Дар амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастаҷамъона фаъолият мекунем.

ХУҶАНД. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мулоқоти мудири шӯъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Зеварой Бобоева бо устодону донишҷӯёни ин боргоҳи маърифат роҷеъ ба риоя намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Зеварой Бобоева доир ба рӯзмарра будани мавзуи баррасишаванда андешаронӣ карда, татбиқи пурсамари онро вазифаи ҳар як шаҳрванд арзёбӣ намуд. Ва гуфт, ки ин ҳама ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои беҳбуд бахшидани рӯзгори мардум ва таъмини зиндагии шоиста пешбинӣ шудааст. Тадбиқи саривақтии қонуни мазкур боиси боз ҳам беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум хоҳад гашт ва риояи он вазифаи муқаддаси ҳар сокини мамлакат мебошад.  Сипас, як чанд нафар иштирокчиёни чорабинӣ оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» фикру андешаҳои худро баён доштанд. Дар охир аз ҷониби донишҷӯён саҳнаҳо намоиш дода шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>