Корбарӣ бо муҳосибони ташкилотҳои ибтидоӣ

АШТ. Тибқи дастуру вазифагузории раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Б.Зиёӣ аз ҷониби масъулини ҳизби ноҳия рӯзҳои душанбе ва чоршанбеи ҳар ҳафта рӯзҳои корбарӣ бо муҳосибони ташкилотҳои ибтидоӣ ва корхонаву ташкилотҳо ҷиҳати муайян намудани  ҳолати воқеии аъзоёни ҳизб, шумораи ҳақиқии аъзоёне, ки ҳаққи узвият месупоранд, шахсоне, ки аз пардохти ҳаққи узвият озоданд, инчунин ба ин васила ба тартиб даровардани варақаҳои бақайдгирии аъзои ҳизб ва дигар самти оморӣ муайян карда шуд. Рӯзи гузашта мудири шӯъбаи ташкилӣ ва омор Муссоев Д. ва сармуҳосиби Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ Абдураҳмонова Б. бо ин мақсад бо масъулин таҳлилу муқоиса ва омӯзишро дар ин самт дар ташкилотҳои ибтидоии хоҷагии давлатии Т.Эрйигитов ва шаҳраки Шайдон оғоз бахшида, бобати бартараф намудани норасоиҳои ҷойдошта дар фаъолияти Кумитаи иҷроия ва созмонҳои ибтидоии мазкур  корбарӣ намуданд.  Боиси зикр аст, ки ин иқдоми навбатии Кумитаи иҷроияи ноҳиявиро раисони ташкилотҳои ибтидоӣ хуб пазируфтанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>