Баррасии масоили таълиму тарбия

ДЕВАШТИЧ. Иҷлосияи навбатии маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Деваштич бо иштироки муовинон, мудирони шуъбаву бахшҳои  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия,раисони ҷамоатхо, кумитаи маҳаллаҳо, сарварони ташкилоту корхона, муассисаи таълимию тандурустӣ, намояндагони ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид. Дар иҷлосия яке аз масъалаҳои асосӣ, рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»дар ноҳия дар баррасии вакилони халқ қарор гирифт. Дар ин хусус муовини раиси ноҳия Бинафша Ғиёсиддинзода баромад намуда қайд кард, ки имрӯз дар ҳудуди ноҳия 75 муассисаҳои таълимӣ амал менамояд, ки аз ин 65 ададаш муассисаи маълимоти умумӣ буда, фарогири бештар аз 36 ҳазор нафар толибилмон мебошад. Инчунин ба маҳфилҳои касбу ҳунар ҷалб намудани хонандагон солҳои охир баҳри амали намудани дастуру вазифагузориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бештар мегардад. Алҳол дар 60 муассисаҳои таълимӣ 1666 нафар талабагон ба маҳфилҳои сӯзанидӯзию гулдузӣ, атласу адрасбофӣ, пазандагию наққошӣ ва  техникӣ ҷалб шудаанд. Бахри самаранокии таълим мутахассисону китобҳои дарсӣ асоси пешравии таълим мебошад. Хушбахтона  дар ин ҷода имрӯз доири таълими дарси забонҳои русӣ, англисӣ, физика, математика, географияю информатика мувофиқи ноҳия мутахассисони соҳибтаҷриба ҷалб гардидаанд. Ҳамчунин ба зинаи сеюм ҷалб намудани хонандагон, хусусан духтарон дар таълимгоҳҳои деҳот як қатор корҳо ба сомон расонида шуда истодааст.Пас аз шунидани дигар маърӯзаҳо доири ин масъалаҳои гуногун аз ҷониби Раиси ноҳия Рустам Ҷӯразода пурсиш ба амал омад ва шахсони масъул барои ҳалли муаммоҳо вазифадор шуданд. Инчунин намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Муҳаббат Ҳомидова низ баромад намуда, доири иҷрои самараноки вазифаҳои дарпеш истода ибрози андеша намуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>