Ҳаммаслакони гумроҳи ҲНИТ

АНДЕША. Роҳбари ташкилоти экстремистӣ-терористии ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ ва дигар ҳаммаслакони гумроҳаш гумон мекунанд, ки мардуми Тоҷикистон аз хиёнатҳои ин қабил афроди беватан огоҳ нестанд. Маҳз наҳзатиҳо чунон ба модар-Ватан хиёнат карда истодаанд, ки  ҳадду канор надорад. Агар ба фаъолияти ин тангназарон мушоҳида намоем, аён мегардад, ки кору рафтори инҳо дар заминаи дастуру супоришҳои хоҷагонашон амалӣ гардида, танҳо нияту мақсадҳояшон гумроҳкунии мардум ва бахусус ҷавонон буда, мехоҳанд кишвари демокративу озоду соҳибистиқлоли моро ба кишвари исломии хоҷагонашон тадбил диҳанд. Мехоҳанд мардуми дар тӯли асрҳо соҳибмазҳабу соҳибтамаддуни моро аз мазҳаби аҷдодиву фарҳангу суннати худ берун намуда, мазҳабу фарҳанг ва шеваи зиндагии хогаҷонашонро ба сари мардуми мо таҳмил намоянд.Бахусус бо зуҳури ташкилоти экстремистӣ-терористии ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва рафту омади бештари аъзоёни ин ташкилоти ифротӣ ба кишвари хоҷагонашон нахуст шеваи либоспӯшии ҳамсару духтарону пайвандони худ ва оҳиста – оҳиста шеваи либоспӯшии бархе аз занону модаронро ба шеваи либоспӯшии зану духтарони хоҷагонашон мутобиқ намуданд. Мусалмонии тӯли асрҳо омадаи бибиву модарону гузаштагони моро аз паси як порча либоси сиёҳи ҳамсару духтарони хоҷагонашон зери суол бурданд. Мусалмониро бо доштани ришҳои дарозу бетартиб ва шимҳои кутаҳ барои мардон ва доштани сатру ҳиҷоб ва либосҳои сиёҳ барои занон ҳамчун шеваи хоҷагонашон муқаррар намуданд. Нахуст тавре ишора намудем, ин шеваро дар сафҳои наҳзат ҷорӣ намуда, баъдан бо тарғибу ташвиқ ва фитнаандозиву найранг дар байни мардум хостанд ҷорӣ кунанд. Бояд мардуми шарифи тоҷик огоҳ бошем, ки инҳо бо дастури хоҷагонашон кор бурда, нахуст ба арзишҳои миллӣ ва суннату фарҳанг ва мазҳаби аҷдодии мо рахна эҷод намуда, баъдан марҳила ба марҳила ба ҳар як омили зиндагии мо эрод гирифта, ҷои ин арзишҳоро бо тамаддун ва фарҳанги хоҷагонашон пурра хоҳанд намуд, ки дар натиҷа ба солимии авзои ҷомеа хатар эҷод хоҳад намуд. Зеро яке аз саркардагони ташкилоти экстремистӣ-терористии ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ танҳо бо супориши хоҷагонаш кор ва зиндагӣ карда, барояшон аз супориши хоҷа дида болотар дигар ҳеҷ чиз арзиш надорад ва барои расидан ба татбиқи ормонҳои деринаи хоҷагонаш ҷаҳду талош менамояд, чунки гарданбанди занҷирии Кабирӣ дар дасти хоҷагонаш аст.

Фарҳод Воҳидов

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>