Ватандорро ватандорӣ биомӯз

андеша

АНДЕША. Вазъи ҷахони муосир хушдор медиҳад, ки ҳамеша ҳушёру зирак бошем. Имрӯзҳо неруҳое  ҳастанд, ки метавонанд зери нуфузи таъсиргузории хориҷӣ қарор гирифта, вазъи ҷомеаро ноором созанд. Дар Тоҷикистони мо низ неруҳое мавҷуд буданду ҳастанд, ки метавонанд боиси нооромии вазъи ҷомеа гарданд.  Ниҳодҳои диниву мазҳабии тундрав ва ҳизби террористию мамнуъшудаи наҳзати исломи Тоҳикистон аз қабили онҳост. Ин ҳизб баъди қатъи фаъолияти худ ва паноҳ бурдан ба хориҷаву пайвастан бо гурӯҳҳои ифротии муқимии хориҷа, дар андешаи ноором кардани вазъи ҷомеаи кишвар аст. Вақт собит намуд, ки ҳизби мазкур қудрат ва саҳмгузори дар рушди иқтисоди ва иҷтимоии кишварро надошт. Ин ҳизб бо вуҷуди ба даст овардани ҳуқуқи фаъолияти расми натавонист ҷойгоҳи устувореро дар арсаи сиёсати кишвар касб намояд, аммо, мутаассифона, бо корбурди номи  Ислом ва суистифода аз эътиқоди мардум то ҳанӯз саъю талошҳои иғвоангезро ба роҳ мондааст. Шаҳрвандони Тоҷикистон аксар ба ин ҳизб эътимод надоштанду надоранд, зеро ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар, ки боиси марги даҳҳо ҳазор ва машаққати ҳазорон нафар сокинон гардида, муҷиби ҳарбии иқтисодии ҷумҳурӣ шуд, маҳз бо сабаби тундравиҳои ҳизби мазкур ба амал омада буд.  Аз ин рӯ, мардум ҳузури сиёсии ҲНИТ-ро дар арсаи давлатдорӣ  ҳамчун омили нооромии кишвар тасаввур мекунанд. Хоҷагони ТЭТ ҲНИТ ва худи он барои ба шуури пешбар ва асосии ҷомеаи мо табдил додани шуури мутаассибонаи динӣ кушида, мехоханд, ки мо аз ҳурофоти дини ва ихтилофоти мазҳаби пой берун нагузорем ва барои ноил шудан ба дастовардҳои илмӣ саъю талоши ҷидди надошта бошем, зеро агар тафаккури илмӣ рушд кунад, саноат рушд хоҳад кард ва дар он сурат мо дигар манбаи дастрасии ашёи хом ва бозори фурӯши маҳсулоти саноатии онҳо буда наметавонем ва будан намехоҳем. Тафаккури илмӣ силоҳи муқтадире хоҳад буд, ки бо он мо нафақат бо сухан, балки амалан низ метавонем, манфиатҳои миллии худро ҳимоят намоем. Маҳз бо ҳамин хотир нерӯҳои манфиатҷӯи минтақа ва байналмилалӣ намехоҳанд, ки тафаккури ҷомеаи мо илмӣ бошад, чунки дар он ҳолат имкони амалии ҳифзи манфиатҳои миллӣ пайдо мешавад, ки бо манфиатҳои онҳо созгор нахоҳад буд. Маҳз бархӯрди манфиатҳои иқтисодӣ боиси муборизаҳои сиёсӣ дар сатҳи байналмилалӣ гардиданд.  Аз ин рӯ, ба хотири ҳифзи Истиқлолияти давлат, таҳкими амну суботи сиёсии кишвар ва рушди рузафзуни он моро лозим аст, ки бахри бартараф кардани тамоми омилҳои низоангез дар ҷомеаи худ саъю талош варзем. ҲНИТ ва гурӯҳҳои дигари ифротии кишвар аз қабили чунин ниҳодҳои тундраве мебошанд, ки нооромиро дар ҷомеаи мо ба вуҷуд  овардан мехоҳанд ва бо истифода аз сарпарастиву ҳимояи хоҷагони бурунмарзиашон, ки дигар ниқоб аз чеҳра барафкандаанд, ҳанӯз ҳам барои тира кардани фазои ороми ҷомеаи мо талошҳои беҳуда меварзанд. Фаъолияти ТЭТ ҲНИТ ҳатто ба моҳияти дини Ислом ихтилоф дорад. Ин ҳизб аз эътиқоду  ҳассосияти мардум суистифода карда, ҳамчун азҳоби диниву гурӯҳҳои тундрави мазҳабии кишварҳои арабӣ зери нуфузи хадамоти махсус ва доираҳои динии мутаассиби хориҷӣ қарор дорад. Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон муҳимтарин дастоварди миллати мо дар тули ҳазор соли охир аст, ки ҳифзу гиромидошти он қарзи шаҳрвандии мост. Аз ин рӯ, вазъи мураккаби сиёсии ҷаҳони муосир аз мо беш аз ҳарвакта ҳушёрии сиёсиро тақозо менамояд. Мо бояд ватандори ҳақиқӣ будани худро собит карда тавонем.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>