Рӯзи мудофиаи граждании намунавӣ

ИСТАРАВШАН. Ба мақсади омода намудани аҳолӣ дар вақти сар задании ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенидошта ва баланд бардоштани ҳиссиёти ватандӯстии ҷавонону наврасон дар Гимназияи №4 – шаҳри Истаравшан Рӯзи мудофиаи граждании намунавӣ гузаронида шуд. Мақсади асосии баргузории чорабинӣ пеш аз ҳама фаҳмонидани вазифаҳои асосии системаи ягонаи давлатии пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда, чорабиниҳои умумидавлатӣ ва муҳофизатие, ки баҳри ҳимояи аҳолӣ, иқтисодиёт ва ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудаанд, баланд бардоштани малакаи амалии хонандагон дар соҳаи ҳифзи шаҳрвандӣ, дар насли наврас ташаккул ва инкишоф додани хислатҳои баланди ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ, тарбия намудани хонандагон дар самти баланди рӯҳияи маънавӣ, ҳушёрӣ ва фидокорӣ, омӯзонидани онҳо оид ба расонидани ёрии аввалини тиббӣ, худнаҷотдиҳӣ ва омода будан ба наҷот додани атрофиён мебошад. Дар чорабинии намунавӣ ҳамаи сохторҳои марбут ба мудофиаи шаҳрвандон, аъзоёни намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳр, 50 нафар директорони муассисаҳо, 70 нафар омӯзгорони омодагии дифои ҳарбӣ ва ҷонишинони таълимиву тарбиявӣ, 400 нафар хонандагон, як адад техникаи махсуси сӯхторхомушкунӣ аз Зернизоми зинавии Низоми ягонаи давлатии қисми сӯхторхомушкунии шаҳр бо 5 нафар, як адад автомашинаи махсуси ёри таъҷили аз зернизоми зинавии Низоми ягонаи БМШ  бо 4 нафар корманди соҳаи тиб, ширкат варзиданд. Ҳамчунин директорони муассисаҳои таълимии шаҳри Истаравшан ва меҳмонон дар дарсҳои намунавии омӯзгорони синфҳои ибтидоии Гимназия №4 иштирок карда, оид ба қоидаҳои рафтори хонандагон дар иншоотҳои муҳофизатӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва пешгирии он, таъминоти ниқоби зиддигазии бачагона, роҳҳои пешгирии офатҳои табиӣ, ёрии аввалиндараҷа ҳангоми офатҳои табииӣ, бехатарии зиддисӯхтор маълумоти кофӣ гирифтанд. Сипас намоиши амалҳои гуруҳҳои ғайринизомӣ ва ситоди ҳолатҳои фавқулодда, хадамоти тиб, сӯхторнишонӣ, кормандони милистсия таваҷҷуҳи бештари иштирокчиёнро ба худ ҷалб намуд. Баргузории машқҳои ҳарбӣ ва бозиҳои варзишӣ байни гуруҳҳо хеле хотирмон буд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>