Вохӯрӣ бо усули хона ба хона

АШТ. Бо мақсади тарғиби пешгирии никоҳи хешутаборӣ ва дигар мавзӯъҳои мубрами рӯз, аз ҷумла ҷалби ҷавонписарони синни даъватӣ ба хизмат бо занону духтарони маҳаллаи 50-солагии Октябри  шаҳраки Шайдон бо усули хона ба хона вохӯрӣ баргузор гардид.  Зимни мулоқот бо шаҳрвандон мудири шӯъбаи кор бо занон Ҳоҷиматова Ш. оиди масъалаҳои дар боло зикршуда суханронӣ намуда иброз намуд, ки тибқи Қонун шурӯъ аз 1-уми июли соли 2016  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон никоҳи хешутаборӣ манъ карда шуда, инчунин муоинаи тиббӣ барои ҷавононе, ки издивоҷ мекунанд, хатмӣ гардид. Мусаллам аст, ки оила дар ҳифзи саломатӣ, тарбияи фарзандон, таъмини раванди рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар ҷомеа нақши муҳим мебозад. Агар оила мустаҳкаму пойдор бошад, ҷамъият ҳам устувор мегардад. Тибқи маълумоти оморӣ, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 26 ҳазор кӯдакони маъюб  ба қайд гирифта шудаанд, ки 35% онҳо аз никоҳи хешу таборӣ ба дунё омадаанд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати мақоми оила чунин фармудаанд: «Оила асоси давлат ва ояндаи миллат буда, ҷомеаи солим дар сари оилаи солим қарор дорад». Зимни сӯҳбат занони маҳалла низ фикру ақидаҳои хешро дар бораи мавзӯъҳои дар боло зикр шуда баён намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>