Машварати собиқадорон

АШТ. Фаъолияти маҳфили Шӯрои собиқадорони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб «То пир нест, тадбир нест!» занони барӯманди ноҳия – собиқадорони хизмати давлатӣ ва ҳизбиро  низ якҷо ҷамъ намуд. Рӯзи гузашта бо ташаббуси раиси Шӯро Мадаминова М. якчанд нафар бонувони фаъол, аз ҷумла – Маҳкамова М. – собиқ муовини раиси ноҳия, Бегматова Г. – собиқ мудири бахши кор бо занон ва оила, Махкамова Ш. – собиқ мудири шӯъбаи умумии МИҲД ноҳия ва собиқ директорону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, ки бо вуҷуди дар синни нафақа қарор доштанашон мехоҳанд барои пешравии ҷомеа ҳиссагузорӣ намоянд, машварат доир намуданд.   Раиси Шӯрои собиқадорон Мадаминова М. қайд намуд, ки шумоён бузургсолон, бонувони барӯманди ноҳия, ки тӯли солиёни зиёд дар вазифаҳои масъулиятнок фаъолият намудед, дар атрофи Шӯрои собиқадорони ҳизб мутаҳид гашта дар байни мардум, ки ҳамаи шуморо ба хубӣ мешиносанд ва соҳиби эҳтироми махсус ҳастед, оиди мавзӯъҳои муҳими рӯз, аз ҷумла пешгирии ҳама гуна зуҳуроти номатлуб дар ҷомеа, пешгирӣ намудани ҷудошавии оилаҳо, иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  ва хизмати ихтиёрии ҷавонон дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳалҳо, ҷойҳои истиқоматӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ташкил намоем, ки ин низ бар манфиати кор хоҳад буд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>