Вохӯриҳои пешазинтихоботии номзад аз ҲХДТ

БӮСТОН.  Тибқи ҷадвали вохӯрҳои номзадҳо ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бӯстон бо интихобкунандагони  ҳавзаи интихоботии  Театр № 5-и шаҳр  мулоқоти номзад ба вакили  Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҲХДТ  иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода баргузор гардид. Ёдовар мешавем, ки  дар асоси  Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бӯстон аз санаи 27 декабри соли 2017   № 146  «Дар бораи тайин шудани рӯзи интихобот  ба ивази вакили хориҷшуда аз ҳавзаи интихоботии «Театр» № 5  ва тибқи  моддаҳои 25 ва 48-и Қонуни конститустионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакил ба Маҷлиси  маҳаллии вакилони  халқ»  оид ба пешбарии номзад  ба вакилӣ ва баргузории интихоботи вакилон ба ивази вакили хориҷшуда   бинобар он, ки  вакили қаблии  Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бӯстон аз ҳавзаи интихоботии «Театр» дар асоси талаботи  моддаи 26 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  интихоботи вакилон ба  Маҷлисҳои маҳалии вакилони халқ» пеш аз мӯҳлат қатъ гардидааст, ҲХДТ Раъно Ҳошимзода иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Бӯстонро дар Конференсияи  ғайринавбатии кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ  аз 13 марти соли равон , № 4 ба вакилии  Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бӯстон дар ҳавазаи интихоботии  «Театр» № 5 пешбарӣ намуд.           Шахси боэътимоди  номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бӯстон,  сарвари Мактаби Президентии шаҳр  Набизода Мадина  оид ба ҳаёту фавъолияти  намзад сухан кард.  Раъно Ҳошимзода  дар баромади худ  оиди  барномаи пешазинтихоботии хеш сухан карда, қайд намуд, ки маҳз, ба амал пайвастани  нуқтаҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро  ба таври барҷаста дар иқдомҳои  ҳамарӯзаи  Ҳукумати мамлакат, дар мисоли сохтмони  мактабу табобатгоҳҳо, роҳу  нерӯгоҳҳо, дигар иншооти  инфрасохторӣ  ва дар  амри дастгирии  пайвастаи табақаҳои  камбизоати аҳолӣ,  ятимону маъюбон, шахсони бесаробонмонда ва оилаҳои  ниёзманд мебинем. Аз ин лиҳоз, барномаи пешазинтихоботии номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бӯстон аз ҳавзаи интихоботии № 5 ба Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон такя намуда, навбати аввал иҷрои вазифаҳои мукамалро,  ки ба ҳимояи манфиати интихобкунандагон равона шудаанд, ҳадафи аслии фаъолияти худ ба шумор овардааст.  Интихобкунандагон дар навбати худ оид ба дастгирӣ намудани Барномаи ҲХДТ ва иштироки фаъолона дар интихобот сухан намуда, қайд намуданд, ки номзади пешбаринамудани ҲХДТ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳр арзанда мебошад. Вохӯриҳо бо интихобкунандагон идома доранд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>