Маҳфили «То пир нест, тадбир нест!» ба маҳфили сайёр табдил меёбад

АШТ. Маҳфили Шӯрои собиқадорони ҳизб таҳти унвони «То пир нест, тадбир нест!», ки мавзӯъҳои мухталифи ҷомеаи имрӯзаро мавриди баҳс қарор додааст, имрӯзҳо сар то сари ноҳия доман паҳн намуда, собиқадорону фаъолзанони ҳизб ба  ҳозирин баромадҳои ҷолиб пешкаш намуда, бо онҳо сӯҳбатҳои ҷолиб доир намуда истодаанд. Рӯзи гузашта дар Гимназияи №1 бо мақсади иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», таъмини риоияи ҳатмии иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», пешгирии амалҳои даст ба ҷиноят задани занону духтарон, ки ин барои зани тоҷик хос нест ва ғайраҳо бо занону духтарон-омӯзгорони фаъол сӯҳбат ороста шуда, аз онҳо даъват ба амал оварда шуд, ки оид ба ин мавзӯъ дар маҳалҳои зисти хеш мулоқотҳо баргузор намоянд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>