Китоб сарчашмаи дониш аст

ГУЛИСТОН. Бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии «Бахши фарҳанг» дар кохии «Истиқлол» оғози Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» бо номи «Китоб сарчашмаи дониш аст» ва маҳфили адабӣ бахшида ба 140- солагии сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ бо номи «Бузургмарди арсаи адабиёт»  баргузор гардид. Дар он Раиси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон М.Ҷамолиён, мудири шуъбаи кор бо занон М.Раҳимова, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр К.Қосимова, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Г.Усмонова , Абдулкарими Рустамбек  иштирок ва баромад намуданд. Ҳадафи асосии баргузории Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби   кӯдакон ва наврасони Тоҷикистон»  тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, баланд бардоштани сатҳи маънавиёт, ахлоқ, маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ, такомули ҳамаҷонибаи кӯдакону наврасон, ташаккули ҷаҳонбинии онҳо, тарбияи ҳисси эҳтиром нисбат ба китоб, хониш, каломи бадеъ, ба мероси гаронмояи таърихию фарҳанги халқи тоҷик мебошад. Имрӯзҳо нисбати китоб ва дӯстдорони алоқаманди он ғамхории ҳамаҷониба эҳсос мешавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таваҷҷӯҳи аҳли адабро ба ҳалли проблемаҳои соҳаи фарҳангу маориф ҷалб намуда, тарбияи насли наврасро ба сифати яке аз вазифаҳои муҳими Ҳукумати ҷумҳурӣ арзёбӣ менамоянд. Халқи тоҷик имсол 140-солагии  Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айниро ҷашн мегиранд. Аз ҷониби дӯстдорон ва ихлосмандони каломи бадеъ баҳри болидагии иштирокчиёни маҳфили адабӣ, ҳунарнамоӣ карданд. Саҳначаҳо намоишҳо, суҳбату вохӯриҳо ва қироати суруду таронаҳои дилнишину муассир намоиш дода шуданд. Иди китоб бо тантана  дар шаҳри Гулистон идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>