Рӯзи муоинаи ройгон

ДЕВАШТИЧ. Чун анъана  дар тамоми олам  «Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ таҷлил карда мешавад. Бо ҳамин мақсад дар ноҳияи Деваштич низ таҳти унвони «Як рӯзи фарогирии аҳолӣ ба табобат» Кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия ва Беморхонаи марказии ноҳия баргузор гардид.  Яъне ҳамон рӯз дар ҳудуди ноҳия муоинаи тиббӣ тамоман ройгон ба роҳ монда шуд. Ба ин муносибат дар саҳни дармонгоҳи марказии ноҳия ҷамъомад барпо гардид. Муовини раиси ноҳия Бунафша Ғиёсиддинзода аз ғамхориҳои давлату Ҳукумат доири сиҳатии омма ҳарф зад. Инчунин тибқи гуфти сарвари Кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия Гулрӯ Баротова дар ҳамон рӯз 846 нафар сокинони ноҳия барои муоинаи тиббӣ ба табибон муроҷиат намуданду маслиҳату дастурҳои муфид гирифтанд. Аз ҷумла 56 нафар ба ултрасадои тиббӣ, 82 нафар ба ташхисгоҳ ва 33 нафар сабти барқии дил муроҷиат намуда аз онҳо ба 12 нафар барои бистарии ройгон соҳиби роҳхат шуданд. Инчунин худи ҳамон рӯз дар тамоми Беморхонаҳои ҷамоатҳо ва Бунгоҳҳои тиббии деҳотҳо «Як руӯи фарогирии аҳолӣ ба табобат» ҷараён гирифта тамоми кормандони соҳаи тиб дар хизмати аҳолӣ буданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>