Ташаккули тарзи ҳаёти солим

СПИТАМЕН.  дар  ҳамкории  самти ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен бо ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва бахши ҷавонони назди МИМҲД-и ноҳия бо иштироки зиёда аз 100 нақар толибилмон-хатмкунандагон дар толори мактаби Литсеи №1 машварати дастурдиҳии  таҳти унвони «Тарзи ҳаёти солим ва пешгирии бемориҳои сирояткунанда» баргузор гардид. Дар машварати мазкур директори ташакулли тарзи ҳаёти солим дар ноҳия О.Сарбозова, сархатиби ноҳия  Б.Исмоилов, шифокори узвҳои ҳозима О.Сатимова, мутахассиси маркази Вируси Норасоии Масунияти Одам дар ноҳия Н.Эсанбоева, сармутахассиси самти ҷавонон ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ Д.Абдуқаюмова ва намояндаи ТҶҶ «Созандагони Ватан» М.Бекмуродова иштирок намуданд. Чорабиниро толибилми мактаби Литсеи №1  Т.Нурзода ҳусни ифтитоҳ бахшида суханро ба О.Сарбозова дод. О. Сарбозова дар суханронии худ оиди касалиҳои сирояткунандаи ВНМО, БПНМ ва сил маълумотҳои муфассал дода варақаҳои таблиғотиро ба иштирокчиён тақсим намуд. Барои васеъ намудани ҷаҳонбинӣ ва боз ҳам фаҳмотар шудани мақсади машварат оид ба пешгирии бемориҳои сирояткунанда навор намоиш дода шуд. Сипас, сархаттиби ноҳия Б.Исмоилов гуфта гузашт, ки дар муҳофизат ва мустаҳкам намудани саломатӣ, ки аҳамияти аввалиндараҷа дорад, тарзи зисту зиндагии инсон нақши асосӣ мебозад. Ташаккули тарзи ҳаёти солим ва муносибати масъулиятнок нисбат ба саломатии худ ба сатҳи маърифату маданияти аҳолӣ вобаста мебошад. Дар инкишофи бемориҳои сирояткунанда худи инсон бо маданияти пасти санитарӣ, тарзи носолимии ҳаёт ва муносибати манфӣ нисбат ба саломатии худ низ сабабгор шуданаш мумкин, бинобар он донистани тарзи ҳаёти солим барои ҳар як кас зарур аст.  Қайд кардан зарур аст, ки ҳолати саломатӣ танҳо аз фаъолияти бахши тандурустӣ вобаста нест, вай бо таъсири байниҳамдигарии омилҳои маҷмўӣ, фардӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, экологӣ, вазъи зиндагӣ ва интихоби фардӣ асоснок карда шудааст. Ҳар як инсон ба гирифтани иттилоот ҳуқуқ дорад ва бояд оид ба пешгирии бемориҳо ва мустаҳкам намудани саломатӣ донишҳои зарурӣ дошта бошад, ки принсипи асосии ташаккули ҳаёти солим мебошад ва ин дар машварати дастурдиҳӣ барои иштирпокчиён дастрас карда шуд. Роҷеъ О.Сатимова оиди усулҳои муҳофизат аз ВНМО ва касалии сил, сари вақт гузаштан аз муоинаи тиббӣ, пшгири ва табобати он маълумоти муфассал дод. Дар фарҷом,   бо иштироккунандагони семинар оиди маълумот гирифтаашон саволу чавобҳо гузаронида шуд. Ҳозирҷавобон соҳиби тӯҳфаҳои хотиравӣ гардиданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>