Мулоқот бо донишҷӯён

ДЕВАШТИЧ. Тибқи накшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваваштич мулоқоти Раиси ноҳия бо донишҷуёни макотибҳои олии шаҳри Душанбе баргузор гардид. Мулоқот дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур доир шуд. Раиси ноҳияи Деваштич Рустам Ҷӯразода зимни суҳбат аз донишҷӯён даъват ба амал оварда қайд намуд, ки аз Шумо донишҷуён мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия умедвории басо муҳим дорад. Зеро ҳар яки Шумо баъди хатми донишгоҳ соҳиби маълумот гардида, баҳри пешрафти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия саҳми арзандаи худро хоҳед гузошт. Инчунин барои ҳамаи донишҷуён кумакпулии яквақта ва барои донишҷуёни фаъол Ифтихорномаҳои Раиси ноҳия супорида шуд. Баъди итмоми мулоқоти расмӣ барои донишҷуён дастурхони иди ороста шуд. Ҳамчунин баҳри болидахотирии онҳо аз ҷониби ҳунармандони Бахши фарҳанги ноҳия барномаи консертӣ тақдим карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>