Ман фарзанди содиқи Ватан

ДЕВАШТИЧ. Бо ташаббуси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Деваштич бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастӣ, тарғиби ихтиёран хизмат намудан дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумхурии Тоҷикистон, ҳавасманд гардонии хонандагон ба хизмати ҳарбй бо сарбозоне, ки муҳлати хизмати ҳарбиро сарбаландона адо намудаанд дар қисми ҳарбии 04533 дар ноҳия буда мулоқот баргузор гардид. Чорабиниро муовини сардори қисми ҳарбии 04533 Хуршед Аминов оғоз намуда, фармони Сарфармондеҳи Олии ҚувваМои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалй Раҳмон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизмачиёни ҳарбие, ки муҳлати хизмати ҳарбиро адо намудаанд» қироат кард. Хизматчиёни ҳарбӣ сарбаландона адои хизматнамударо табрик намуда барои нақшаҳои дар пешистодаашон муваффақиятҳои нек изҳор намуд.  Дар чорабинӣ санъаткорони Бахши фарҳанги ноҳия барномаи консертиро барои сарбозону афсарон тақдим карданд. Инчунин дар чорабинӣ касбомӯзандагони Литсейи касбӣ-техникӣ, хонандагони муассисаҳои таълимии ҳудуди Ҷамоати деҳоти Яхтан фаъолона иштирок намуданд. Хонандагони муассисаҳои мазкур дар васфи Ватан, Модар, Пешвои миллат ва Тоҷикистон шеъру сурудҳо ва рақсии «Гулоро» ҳунарнамоӣ карданд намуданд. Сарбозону хизматчиёни ҳарбӣ аз чорабинии мазкур болида гардида, хушдилона зери садои савту наво рақс карда бо дӯстони худ хайру манзур намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>