Таваҷҷуҳи китобдорони ноҳия ба рушди ҳунарҳои мардумӣ

АЙНӢ. Ба муносибати эълон доштани Соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”  кормандони китобхонаи филиали №9-и шуъбаи фарҳанги ноҳия, ки дар деҳаи Сангистони Ҷамоати деҳоти  Айнӣ қарор дорад, ба рушди ҳунарҳои мардумӣ мароқи бештар зоҳир намуда истодаанд. Мудири китобхонаи филиалаи №9 шуъбаи фарҳанги ноҳия Алибой Шарипов зимни суҳбат чунин қайд кард, ки бо иқдоми наҷибонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон карда шуд. Ба ин муносибат, мо талош намуда истодаем, ки маҳала ба маҳалла ба хонаҳои бошандагони деҳаи Сангистон рафта аз ҳунару эҷоди занони хонашин огоҳ шавем ва онҳоро барои рушди ҳунаҳои доштаашон маслиҳатҳои судманд диҳем. Дар рафти мулоқот, занони ҳунарманди деҳа бо хушнудӣ ва самимияти афзун, якчанд дастовардҳои худ, аз қабилӣ атласу адрас, куза,  рӯймолчаи шил-шиладор, рӯймол, табақҳои сафолину гилин ва ғайраро ба мо тақдим намуданд, ки ба китобхонаамон монем токи меҳмони воридшуда, маҳсули дастранҷи онҳоро дидан намоянд.  Ҷоизи қайд аст, ки дар китобхона,  доири ҳамаи ҷашну маросимҳои давлатӣ шиору овеҳои тарғиботӣ ҷой карда, аксҳои шоирони классик, муосир, олимони деҳа, собиқадорони меҳнат, мудирони китобхона  насб карда шудаанд. Дар баробари ин, гушаҳои ҳунарҳои мардумӣ, гиёҳҳои шифобахш таъсис таъсис дода шудааст, ки ҳар яки хонанда, аз чунин китобхонаи сермаҳсул зимни азназаргузаронӣ, як ҷоҳон ғизои маънавӣ мебардорад.  Ҳамзамон, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ Абдуғанӣ Қобилзода ва роҳбари ТҶҶ “Созандагони Ватан” аз рафти фаъолияти китобхна дидан намуда, баҳри рушди ҳунарҳои мардумӣ дар китобхона баҳои арзанда доданд-илова намуд мудири китобхона. А. Шарипов дар идомаи суҳбат зикр кард, ки мо ба ин дастовардҳо қаноат накарда, талош менамоем, ки ба рушди ҳунарҳои мардумӣ саҳми назарраси худро гузорем. Солҳои охир хонандагон ба хондани китоб мароқи бештар зоҳир намуда истодаанд, ки ин моро дучанд руҳбаланд менамояд.  Дар ҳолати дарёфт накардани китобҳои зарурӣ кӯшиш намуда истодаем, ки аз шаҳрҳои Хуҷанд ва Душанебе, китобҳоро  барои хонандагони закии китобхона дастрас намоем.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>