Пешвои миллат – ғамҳори ятимон

ЗАФАРОБОД. Дар қасри фарҳанги ноҳияи Зафаробод барномаи фарҳангӣ таҳти унвони «Ҳар ки хандонад ятими хастаро, боз созад ҷаннати дарбастаро» барои наврасон ва ҷавонони  ятиму бепарастор гузаронида шуд. Дар чорабинӣ раиси ноҳия, мӯҳтарам Раҷаб Ашурзода баромад намуда иброз дошт, ки ин қишри наврасону ҷавонон ҳамавақт дар парастории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод мебошанд. Инчунин такит намуданд, ки бахшида ба  ҷашни наврӯз ба 12 нафар ятими кул сару либоси идона харидори карда шуда дар рузи ид  супорида шуда буд. Аъзоёни фаъоли  гурӯҳи «Созанда» Игамова Ирода ва Надирбоқиева Бибиҷон баромад намуда аз иқдоми гирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси ноҳияии Зафаробод муҳтарам Ашурзода Раҷаб Рӯзӣ арзу сипосгузори намуданд. Ин иқдоми накуро мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод минбаъд низ идома дода барои дар амал ҷорӣ гардидани сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саъю талош хоҳад кард. Дар анҷоми чорабинии фарҳангӣ барои меҳмонон ва ҳозирин аз ҷониби коргарони бахши фарҳанг, хонандагони муассисаҳои таълими, донишҷӯёни фаъол ва санъаткорон барномаҳои ҷолиби фарҳанги пешниҳод карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>