Сайри китоб

ҶАББОР РАСУЛОВ. Дар доираи Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон», бо ибтикори ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Бахши фарҳанг» дар қасри фарҳанги «Гулистон»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов бо иштироки  муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода — Ато Мирхоҷа, шоири халқии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, муаллифи Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Гулназар Келдӣ, шоири халқии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Ниёзӣ ва шоир Камоли Румонӣ, таҳти унвони «Сайри китоб» чорабинии адабӣ-фарҳангӣ ва намоиши китобҳои тозанашри адибони чумҳурӣ ва ноҳия, расму мусаввараҳои рассомони наврас доир гашт. Устодон Ато Мирхоҷа, Гулназар Келдӣ, Нурмуҳаммад Ниёзӣ ва Камоли Румонӣ дар суханрониҳои худ наврасонро ба китобхонию илмомӯзӣ ҳидоят намуда, оиди хизматҳои мондагори устод Садриддин Айнӣ дар пойдорӣ ва рушди забону адабиёти тоҷик, қадру манзалати китоб, адабиёти кӯдакон изҳори андеша намуданд. Устодони сухан аз ашъори нобу тозаи худ намунаҳои шеърҳои бачагонаро қироат намуданд, ки ба тамошобинон хеле писанд омад. Дар навбати худ қаламкашони наврас аз эҷодиёти худ шеърҳо хонданд. Ихлосмандони адабиёт аз ашъори дигар шоирон ҳар яке бо сабку услуби ба худ хос шеър қироат намуданд. Байни адибону наврасон саволу ҷавоб сурат гирифт. Дастпарварони мактаби санъати бачагонаи бахши фарҳанги ноҳия бо суруду рақсҳои дилангези худ табъи ҳозиринро шод  намуданд. Баргузории чунин чорабиниҳо барои тарғиби кору пайкор ва эҷодиёти устодони каломи  бадеъ, инкишофи адабиёти бачагона, бедор кардани завқи эҷод дар ниҳоди наврасон, тарбияи ватандӯстӣ, раҳнамоӣ ба эҷодкорон, тарғиби асарҳои тозаэҷод нақши муҳим мебозад. Зиёд гаштани қаламкашони ҷавон, донандагони хуби шеъру сухан, илҳоми саршори эҷодкорон, дилбастагӣ ба адабиёт аз файзу баракати чунин чорабиниҳои судманд ва аз вохӯрӣ бо шоирону адибони маҳбуб сарчашма мегирад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>