Рушди сабадбофӣ

ҶАББОР РАСУЛОВ. Аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  дар  кишварамон такони ҷиддие ба пешрафти соҳаи сайёҳӣ ва ҳунрмандӣ бахшид. Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов низ дар ҳамаи деҳот ҳунармандон фаъолият намуда, баҳри эҳёву рушди ҳунарҳои мардумӣ ва тарбия намудани шогирдон фаъолият намуда истодаанд. Дар ноҳия ҳунармандони мардумии адрасу атласбофӣ, қолинбофӣ, гулдӯзӣ, ҷомадӯзӣ, кулолгарӣ, кандакорӣ, дуредгарӣ, оҳангарӣ, челонгарӣ, кордсозӣ, танӯрсозӣ  ва сабадбофӣ фаъолият бурда истодаанд. Яке аз чунин ҳунармандон истиқоматкунандаи деҳаи Ғулакандоз Ғоибова Сабоҳат мебошад, ки тайи солҳои зиёд ба сабадбофӣ машғул аст. Дар суҳбате, ки кормандони Кумиҷроияи ноҳиявии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ин зани ҳунарманд анҷом доданд, ӯ гуфт, ки мустақилона ин ҳунарро омӯхта фарзандонашро низ ба ин касб ҷалб намудааст. Ин оилаи ҳунармандон намудҳои гуногуни сабадҳоро омода намуда, ба мардум пешниҳод мекунанд. Холаи Сабоҳат эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумиро ғамхории навбатии Пешвои миллат ба мардум ва дилсӯзӣ ба таъриху фарҳанги миллӣ номида, миннатдории худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>