Ҳунарҳои мардумӣ ривоҷ меёбанд

ПАНҶАКЕНТ.  Таҳти роҳбарии раиси кумиҷрояи шаҳрӣ Мурод Шукурзода дар чанде аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ вохўри мулоқотҳо баргузор шуда истодааст. Имрўз дар литсейи касбии техникии шаҳр вохӯрӣ баргузор гардид, ки  дар он донишҷўён ва омўзгорон ҳунари худро ба маърази тамошо гузоштанд.Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Мурод Шукурзода  ва роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» Алишер Амонов иштирок намуданд.     Вохӯрии мазкур дар партави Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 баргузор гардид. Нахуст ҷавонон аз ҳунарҳои мардумии ҳунармандони Литсейи мазкур дидан намуда, ба ҳунари волои ҳунарҷуён ва устодони онҳо баҳои баланд доданд. Донишҷуёни литсейи мазкур бо истифода аз эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз пайи омӯхтан ва эҷод намудани ҳунарҳои нав ва эҳёи фарҳанги қадимаи миллати тоҷик мебошанд. Сипас бо раиси  кумиҷроияи шаҳрӣ ва роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» бо фарогирии кулли ҳунарҷӯёни Литсей дар саҳни литсей вохӯрӣ атрофи масъалаҳои мубрами рӯз баргузор гардид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>