Корҳои тарғиботӣ ва ташвиқотӣ

КОНИБОДОМ Дар асоси нақшаи кори кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом  корҳои фаҳмондадиҳиро доир ба тарғибу ташвиқи сиёсати ҲХДТ ва қабули аъзоёни фаъол ба сафи ҳизб  мулоқоту вохӯриҳо доир менамоянд. Чанде пеш чунин вохӯрӣ бо кормандони шӯъбаи равоншиносии БМН баргузор гардид, ки дар он Ҳоҷиев Ф мудири шӯъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ иштирок намуда, доир ба фаъолияти кории Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ суханрони намуд, моҳияти ҳизбҳои сиёси ва мақсаду мароми ҲХДТ-ро фаҳмонид ва кормандонро даъват намуд, ки доир ба масъалаҳои мубрам бетараф набошанд. Сипас мудири шӯъбаи равоншиносӣ Шарипов Р барои чунин вохӯри миннатдорӣ намуда қайд кард, ки мо сиёсати пешгирифтаи Раиси ҲХДТ, Асосгузори сулҳу ваҳдати милли-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгири мекунем ва доир ба ин ё он масъала бетараф нестем рӯзҳои наздик аз ҳисоби кормандони фаъол сафи аъзоёни ҳизбро зиёд менамоем.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>