Соати сиёсӣ дар мавзӯи «Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ – рушди зиндагии шоиста»

БОБОҶОН ҒАФУРОВ. Баргузории рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ барои тарғибу ташвиқи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми басо бузург мебозад. Тибқи нақша – чорабинии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ҳамаи КИИ ва ташкилотҳои ибтидоӣ соати сиёсӣ дар мавзӯи «Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ – рушди зиндагии шоиста» баргузор гардид. Оиди ин мавзӯъ аъзои фаъоли ҳизб Сатторова О., баромад намуда, чунин қайд намуд: Ҳунари мардуми тоҷик ҳанӯз аз солҳои пеш диққати ҷаҳонгардони машҳурро ба худ ҷалб кардааст. Онҳо дар бораи тарзи омода кардани либос, сохтани афсарҳои рӯзгор ва нақшу нигорҳои махсус дар он, сохтани армуғонҳо ва умуман тамоми паҳлӯҳои муҳиме, ки дар ҳаёти халқ аз мавҷуд будани ҳунари дастиашон дарак медод, андешаҳои гуногунро баён кардаву китобат низ намудаанд. «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» такони бузургест барои боз ҳам беҳтару хубтар ба роҳ мондан ва эҳёву рушди ҳунарҳои мардумӣ ва таъсиси мактабҳои ҳунармандӣ дар шаҳру навоҳии кишвар. Ҳунари дастӣ ба инсон завқи бадеиро ташаккул дода, таҳаммулу тозакориро тарбия менамояд ва дунёи ботинии шахсро ғанӣ мегардонад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>