Ҷавонон ҷонибдори тарзи ҳаёти солим

БӮСТОН. Бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Бӯстон дар толори қасри фарҳанги шаҳри Бӯстон семинар — машварат оид ба баланд бардоштани сатҳи дониши ҷавонон ва пешгирии бемориҳои ВНМО/БПНМ ва нашъамандӣ байни ҷавонони шаҳри Бӯстон, таҳти унвони «Ҷавонон ҷонибдори тарзи ҳаёти солим» ташкил ва баргузор гардид. Қайд гардид, ки тавре ба ҳамагон маълум аст, имрӯзҳо аз ҷониби Ҳукумати кишвар зери роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи солимии ҷомеа ва тарзи ҳаёти солим, бахусус саломатии наврасону ҷавонон аҳамияти ҷиддӣ зоҳир шуда истодааст. Бо вуҷуди ҳамаи ин кӯшишу талошҳо, имрӯзҳо байни ҷавонон ва бархе аз наврасон теъдоди касалиҳо ба чашм мерасад, ки ин хело ташвишовар аст. Зикр гардид, ки тарбия ва ба воя расондани фарзанд яке аз вазифаҳои муҳим ва мақсади асосии ҳар як падару модар ба шумор меравад. Дар семинар мутахассисони соҳаи тиб оиди пешгирии бемориҳои сироятӣ ва пешгирии нашъамандӣ ба иштирокдорон маълумоти амиқ пешниҳод намуданд. Дар интиҳо корманди Раёсати кор бо ҷавонон Шодмон Нурматов ва мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Бӯстон Хусравшоҳ Исмоилов оид ба пешгирии ҳамагуна бемориҳои сироятӣ, аз даст надодани зиракии сиёсӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим ибрози назар намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>