Шанбегии самарабахш

ДЕВАШТИЧ. Мувофиқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич субҳи имрӯз дар ҳамаи ташкилоту муассисҳо, ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, гимназияву омӯзишгоҳ ва литсейҳои касбӣ-техникии дар ҳудуди ноҳия фаъолиятдошта  шанбегии умуминоҳиявӣ баргузор гардид. Сар  то сари кӯчаву хиёбонҳои ҳудуди шаҳраки Ғончӣ, ҷамоатҳои Ғазантарак, Яхтан ва Муҷун, сари роҳу ҷӯйборҳои ҷамоати деҳоти Далёну Ваҳдат ва Исмоили Сомонӣ аз тарафи ҷавонон ва аъзоёни кумитаҳои маҳаллаҳо, сокинони деҳот ба шанбегӣ фаро гирифта шудаанд. Ҳар як иштирокчии чунин иқдоми кабудизоркунию ободсозӣ бо эҳсоси баланди зебоипарварию созандагӣ саҳмгузори намуданд. Мардум бо рӯҳи болида аз тинчиву осудагӣ ва шукргузори ба Истиқлолияту Ваҳдати миллӣ намуда  шанбегиро бо ҷӯшу хурӯш гузарониданд. Бояд қайд намуд, ки кормандони кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ низ аз субҳ ба тоза кардани гирду атрофи бинои   дар иҷорабудаи кумитаи иҷроия шурӯъ намуда, зиёда аз 90 адад дарахту ниҳолҳои гирду атрофи бинои матбааро сафед карданд.Дар ин маъракаи муҳим пеш аз ҳама ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии «Беморхонаи марказии ноҳия», «Шифо», «Тоҷиктелеком», «Фарҳанг», «Ҷамоати шаҳрак» ва «Ҷамоати Ғазантарак» пешсафӣ зоҳир карданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>