Пешвои миллат – ғамхори ятимон

АШТ. Бо ибтикори бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия ҳамоиши ҷавонон таҳти унвони «Пешвои миллат – ғамхори ятимон» баргузор гардид, ки дар он аъзоёни ТҶҶ  «Созандагони Ватан» фаъолона ширкат варзида, чорабинии мазкур дар сатҳи баланди сиёсӣ доир карда шуд. Дар доираи ҳамоиш чорабиниҳои мухталиф, аз ҷумла дастурхони идона барои ятимону бепарасторон, мулоқот бо хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва шоми ҷавонӣ, ки ҳар яки он дар доираи ҳисси баланди ватандӯстӣ ва инсонпарварӣ барпо гардид. Мулоқоти судманд таҳти мавзӯи «Пешвои миллат – роҳбари ғамхор ва раъиятпарвар» дар толори Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ доир гардид, ки дар он муовини раиси ноҳия А.Ҷалилӣ ва раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Б.Зиёӣ ширкат варзиданд. Зимни баромади хеш раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Б.Зиёӣ ёдовар шуд, ки таваҷҷӯҳи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба таълиму тарбияи кӯдакону наврасони бо амри тақдир бесаробонмонда  сол то сол зиёд гардида, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ, таҳсил ва кору фаъолияти онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад. Ҷиҳати таъмини иҷроиши дастуру ҳидоятҳои раъиятпарваронаи Раиси муаззами ҲХДТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб низ як зумра корҳои назаррасро ба сомон расонид. Танҳо дар соли 2017 32 нафар чунин наврасон фарогири аксияи «Роҳ ба сӯи мактаб» гардида, аёдати 53 нафар кӯдакону наврасон дар арафаи иду ҷашнвораҳо ба амал оварда шуданд. Минбаъд низ дар ин ҷода корбарӣ бо дастгирии шахсони саховатпеша идома хоҳад ёфт. Дар интиҳо аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ба 13 нафар ятимони кулл тӯҳфаҳо супорида шуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>