Маҳфили навхонадорон

КОНИБОДОМ. Бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом бо мақсади баланд бардоштани маърифат ва фарҳанги оиладорӣ  дар тарабхонаи «Пахтакор» бо 20 нафар арӯсшавандагон ва домодшавандагон маҳфили навхонадорон доир гардид.  Дар маҳфил Боҳирӣ Ғ- Раиси шаҳри Конибодом, собиқадорони ҳизб, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимити давлатии шаҳр, Зоҳидова Ф — мудири САҲШ, мутахассисони соҳаи тиб, фаъолзанон ходимони дин, Зоирова М — роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии «Пайроҳаи хушбахтӣ» ва Холматова  Х- ҷонишини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом иштирок намуданд. Бо мақсади пурзӯр намудани фишангҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила, инчунин навхонадоронро даъват ба сабуриву таҳаммулпазирӣ, иззату эҳтироми тарафайн, бахшидани гуноҳи ҳамдигар ва парваридани меҳру муҳаббати самимӣ ба ҳамдигар даъват ба амал оварда шуд. Ҳамзамон дар назди оилабарпокунандагон мутахассисони соҳаи тиб, намояндагони дин, занони собиқадор баромад намуда, доир ба паҳлӯҳои гуногуни зиндагии якҷоя, муносибату муошират ва роҳу усулҳои ташкилу нигаҳдории оилаи тифоқ ва пойдору устувор ибрози андеша намуданд. Сипас мудири бахши САҲШ оид ба сари вақт ҳуҷҷатҳои бақайдгирии навхонадорон ва оид ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар масъалаҳо гуфта гузашт. Мулоқот озод сурат гирифта, ҷавонон бо суолу дархостҳои хеш ба баромадкунандагон муроҷиат намуда, посухҳо гирифтанд ва ба ҳамаи иштирокдорони маҳфил аз ҷониби Боҳирӣ Ғ- Раиси шаҳр  сертификат ва маводҳои тарбиявӣ дастрас гардид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>