Маҷлиси ҳисоботии фаъолияти семоҳаи занони ноҳия

СПИТАМЕН. Дар толори Литсеи №1 ноҳияи Спитамен маҷлиси ҳисоботи семоҳаи бахши занон ва кор бо оилаи назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, бо иштироки 100 нафар занони фаъоли ноҳия барпо гардид. Дар маҷлиси ҳисоботӣ, мудири бахши занон ва кор бо оилаи назди МИМҲД-и ноҳия Н.Ашӯрова, судяи Суди ноҳия У.Абдураҳмонзода, иҷрокунандаи вазифаи мудири САҲШ  Г.Ҳакимова, мутахассиси пешбари бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия А.Валиҷонова, сармутахассиси самти ҷавонон ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ Д.Абдуқаюмова, раисони ташкилоту идораҳо, раисони кумитаи кор бо занони ҷамоатҳо, омӯзгорони муассисаҳои таълимии мактабҳои умумӣ, мураббияҳои муассисаҳои таълимии томактабӣ, занони соҳаи тиб, раисони маҳаллаҳо ва фаъолзанони ноҳия иштирок намуданд. Маҷлиси ҳисоботиро Н.Ашӯрова бурда, оиди фаъолияти семоҳаи аввали соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ҳисобот дод. Дар ҳисобот фаъолияти ҳамаи самтҳо нишон дода шуд. Алалхусус оид ба масъалаҳои мубрами рӯз оид ба пошхӯрии олилаҳои ҷавон, танзими ҷашну маросимҳои мардумӣ, пешгирии хушунат дар оила, ақду никоҳи хешу таборӣ, касбу ҳунаромӯзии духтарону наварусон, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва баланд бардоштани тафаккуру маърифати занон, фарҳанги оиладорию либоспӯшӣ суханронию музокираҳо зиёд шуданд. Барои музокира судяи Суди ноҳия У.Абдураҳмонзода, муовини ҷамоати деҳоти Куруш М.Қучқорова, раиси шӯрои занони ҷамоати деҳоти Тағояк Г.Мустафоқулова баромад намуданд. Таклифу пешниҳодҳо баҳри аз байн бурдани муаммоҳои ҷойдошта дида баромада фикру андешаҳо ронда шуданд. Баъд аз таҳлили фаъолияти семоҳа  вазифагузориҳо карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>