Ҳамоиши ҷавонон

ҶАББОР РАСУЛОВ. Дар назди қасри фарҳанги «Гулистон»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳамоиши ҷавонон оид ба дастгирии ятимони кулл, таҳти унвони «Шумо танҳо нестед» баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур муовини раиси ноҳия Эгамзода Зулола Анварӣ, раиси КИН ҲХДТ Одилзода Рустам ва аъзоёни ТҶҶ ҲХДТ «Созандагони Ватан» иштирок намуданд.  Муовини раиси ноҳия Эгамзода Зулола Анварӣ дар суханрониаш қайд намуд, ки: -Ятимону бепарасторон ҳамеша дар зери ҳимояи давлату ҳукумат ҳастанд. Чӣ хеле ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо мегӯянд: «Ҳеҷ як ятими куллро мо танҳо намегузорем, онҳоро соҳибӣ ва тарбия мекунем, мехононем, оиладор ва соҳиби хонаву дар ва касбу кор мекунем». Бале, дар сояи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ятимон доимо бо ғамхорӣ ва сарпарастӣ фаро гирифта мешаванд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, КИН ҲХДТ ва дигар шахсони саховатпеша низ дар пайравӣ аз иқдомҳои Сарвари давлат мунтазам аз ҳоли ятимону бепарасторон ва оилаҳои камбизоат хабар гирифта дасти ёрӣ мерасонанд. Дар охир аз ҷониби ТИ ҲХДТ «Бахши фарҳанг» барномаи фарҳангӣ намоиш дода шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>