Хизмати Модар-Ватан бо амри дил…

БӮСТОН. Тибқи нақша чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии шаҳр дар муассисаҳои таълимии шаҳр дар байни хонандагони синфҳои болоӣ ва омӯзгорони ҷавон вохӯриҳо баргузор шуда истодааст, ки дар он раиси КИ ҲХДТ ва аъзоёни кумиҷроияи шаҳрӣ баромад намуда, ҷавононро ба хизмати модар-Ватан ҷалб намуда истодаанд. Мақсади  баргузор кардани вохӯриҳои мазкур ин баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва ҷалби ҷавонон ба хизмати модар-Ватан мебошад. Боиси қайд аст, ки дар натиҷаи чунин вохӯриҳо яке аз аъзоёни фаъоли ҲХДТ, аъзои ТҶҶ «Созандагони Ватан» Мирзоҷонов Алимуҳаммад-равоншиноси Мактаби Президентии шаҳр изҳор намуд, ки «Ман мехоҳам бо амри дили худ ба хизмати модар-Ватан раҳсипор шавам». Мирзоҷонов Алимуҳаммад ба рӯйхати даъватшавандагон дароварда шуда, ба хизмати модар-Ватан сафарбар карда шуд. Корҳои тарғиботиву фаҳмондадиҳӣ дар ин самт идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>