Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафти китоби кӯдакон ва наврасони Тоҷикистон»

БӮСТОН. Чанде пеш дар толори қасри фарҳанги шаҳр Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Сайри китоб» бо иштироки зиёда аз 400 нафар хонандагону ҳаводорони китоб баргузор гардид. Нахуст боздиди меҳмонон аз растаи намоиши китобҳои бачагона сурат гирифт. Дар кори Фестивал як қатор меҳмонон ширкат намуда, оид ба баргузории ҳафтаи мазкур ибрози назар намуданд. Муовини Раиси шаҳри Бӯстон Зоирӣ Ғафурҷон Маҳмудзода аз ҷумла дар рафти ифтитоҳи Фестивали мазкур иброз дошт, ки «бо мақсади иҷрои нишондоди банди 3 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» ва фармоиши Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баргузор намудани Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакон ва наврасони Тоҷикистон» тибқи фармони сардори Раёсати фарҳанги вилояти Суғд баргузории Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Сайри китоб» дар китобхонаҳои вилояти Суғд баргузор гардида истодааст». Қайд гардид, ки Фестивали мазкур зина ба зина аз 15 апрел то 15 май баргузор хоҳад гардид. Чун оғози Фестивали мазкур ба 140-солагии сардафтари адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ тавъам омад, дар ин рӯз ҳаводорони китобҳои устод Айнӣ порчаҳои шеърӣ ва саҳнаҳоро аз ҳаёт ва фаъолияти устод ба маърази намоиш гузоштанд. Ҳунармандони ансамбли «Навои Бӯстон», гуруҳи рақсии «Ёсуман» ва кӯдакон бо шеъру суруд ва рақсҳои дилнишини хеш табъи ҳозиринро болида гардониданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>