Рушди сайёҳӣ – омили рушди ҷомеа

БӮСТОН. Имрӯз бо иштироки аъзоёни гуруҳи тарғиботӣ — ташвиқотии назди мақомоти иҷроичи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр Муҳаббат Поччоева ва Алиҷон Одинаев устодони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, биснес ва сиёсати Тоҷикистон, Мамнур Нурзода — мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр, Бахтиёр Аҳмадов мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Рӯзи ягонаи ахбор дар мавзӯи «Рушди сайёҳӣ – омили рушди ҷомеа» дар шаҳри Бӯстон баргузор гардид. Мулоқотҳо бо иштироки омӯзгорону донишҷӯёни Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон, шуъбаи коллеҷи тарбияи ҷисмонӣ, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4, масъулини Маркази назорати давлатии сантитарию эпидимиологӣ, кормандони муассисаҳои фарҳанг, истиқоматкунандагони маҳаллаи «Ватан»-и шаҳр ва сокинони Ҷамоати шаҳраки Палос баргузор гардида, аъзоёни гурӯҳи тарғиботӣ — ташвиқотии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр дар суханронии худ оид эълон гардидани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», “Даҳсолаи байналмиллалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, пешгирии падидаҳои номатлуб ва масъалаҳои мубрами рӯз ибрози андеша намуданд. Масъулин ҳамзамон оиди дар Тоҷикистон ба рушди сайёҳӣ дар сатҳи давлатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардидан, дарки аҳамияти аввалиндараҷаи ин бахш дар паёмҳои солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ибрози назар намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>