Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

ДЕВАШТИЧ. Бо мақсади таъмини иҷроиши қарори Раиси вилояти Суғд дар ноҳияи Деваштич рӯзи ягонаи ахбор доир гардид. Дар мулоқот собиқадор Махкам Миркамолов ва мудири кафедраи Донишгоҳи ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Ҷамшед Исомаддиновташриф оварданд. Мудири шӯъбаи робита бо ҷомеаи МИҲД-и ноҳияи Деваштич Зиёдулло Турдиев барои ташрифи меҳмонон аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич миннатдорӣ изҳор намуд. Бо эълон гардидани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқот дар мавзуи «Рушди сайёҳӣ» сурат гирифт. Барои аҳли нишаст собиқадор Махкам Миркамолов доири манфиятҳои ҳунармандӣ дар пешбурди рӯзгор  ва инъикоси ҳунарҳои миллии Тоҷикистон ба ҷаҳониён ҳарф зад. Инчунин мудири кафедра Ҷамшед Исомаддинов оиди чораҳои андешидаистодаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри пешрафти соҳаи сайёҳӣ сухан ронд. Аз ҷумла қайд намуд, ки сол аз сол ташрифи сайёҳон ба Тоҷикистон зиёд гардида истодааст. Моро зарур аст, ки имрӯз шароити хуб барои қабули онҳо муҳайё созем. Бо боварии комил гуфта метавонем, ки солҳои наздик ба як мамлакати сайёҳӣ табдил меёбад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>