Кабирӣ ҷузъи афсонавии хоҷагон аст

АНДЕША. Кабирӣ бешак пас аз қатъ гардидани фаъолияти ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон гумон мекунад, ки пурра хоҷагонаш то охири умр ӯро пуштибонӣ намуда, ҳаёташонро ба ин хоин мебахшанд. Бояд Кабирӣ дарк намояд, ки хиёнаткореро, ки Ватан – модари хешро мефурӯшад, ҳеҷ гоҳ ба хоҷагонаш содиқ буда наметавонад. Бешак имрӯзҳо барои манфиати шахсии хеш Кабирӣ ҳамчун ҷузъи афсонавӣ дар дастони хоҷагонаш буда, аз барои хушнудии хоҷагонаш ба кишвару миллат хеш ва мазҳаби аҷдодӣ хиёнатро раво дида истодааст. Шояд имрӯзҳо Кабирӣ, ки дар айни авҷи гирудорҳо ва пулкоркунии муфт бо хоҷагонаш қарор дорад, аз беватанӣ азият накашад. Аммо бо гузашти вақт ва дигар шудани маҷрои сиёсати хоҷагонаш роҳаш тиратар ва оқибаташ фанотар мегардад. Агар каме ба таърих назар афканем, дар ҳама давру замон қувваҳои некӣ ба қувваҳои бадӣ ғалаба мекарданд, зеро қувваҳои бадӣ танҳо ва танҳо корашон бадхоҳиву зиёну зарар ба мардум аст. Мардуми Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ дигар қувваҳои аҳримании наҳзатро намехоҳад. Мардум аллакай сиёҳро аз сафед фарқ мекунад. Мардум бо иноят ва талошҳои Пешвои маҳбуби худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои яъсу ноумедиҳоро паси сар карда, Тоҷикистони мотамкадаро ба хонаи умеди тамоми тоҷику тоҷикзабонон табдил дод. Мардум имрӯзҳо хушбахтона рисолати тарбиятгариву ҳидоятгарии динро ба сӯи ояндаи ободу озод дарк намуд. Моро дигар ҳеҷ нерӯҳои бадхоҳ мисли ташкилоти экстремистӣ-террористии наҳзат ва хоҷагонашон бо омезиши дини мубини ислом гумроҳ нахоҳанд кард. Дигар мо он ҷавонони ноогоҳе нестем, ки хонаи худро бо роҳнамоии хоҷагони хориҷии наҳзат ва талошҳои ин нохалафон оташ занем. Мо намегузорем, ки ба кишвари маҳбуби мо зарар ва осеби наҳзат расад. Мо бо дарки масъулияти бузурги ватандориву ватанхоҳӣ ва муҳимияти сулҳу амният ва суботу ваҳдати сартосарии кишвар бар зидди чунин ташкилотҳои ифротгаро муборизаи беамон бурда, Ватанамонро аз чунин ҷузъиятҳои афсонавии хоҷагони хориҷӣ ҳифз хоҳем намуд. Мо ба террорист Муҳиддин Кабирӣ муроҷиат намуда, зикр медорем, ки чунин хиёнаткориву ноҷавонмардонагии ту ва наҳзати разилатро маҳкум намуда, нафрату наълати хешро нисбатат баён медорем. Умедворем, ки рӯзе мерасад, ки чун лошахӯрони наҷасхӯр дар биёбони кишвари хоҷагонат мефавтию ҳатто ҷасади нопокат рӯи Тоҷикистони биҳиштосоро нахоҳад дид.

Фарҳод Воҳидов

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>