Узви фаъоли ҲХДТ 1, 5 км роҳро мумфарш кард

МАСТЧОҲ. Дар ноҳия аъзои ҲХДТ ба корҳои созандагӣ таваҷҷуҳи махсус дошта, дар ин самт ташаббусҳои наҷибро амалӣ менамоянд. Соҳибкори муваффақ Хисравбек Ҷаҳонгиров аз ҷумлаи чунин аъзои ташаббускори ин ҳизби созанда мебошад. Бо дастгирию маблағгузории ин соҳибкор варзишгоҳи МТМУ #27-и ноҳия таъмиру азнавсозӣ гардида, яке аз кӯчаҳои калонтарини Ҷамоати деҳоти Оббурдон чароғон шуд. Имрӯз бо ибтикори Х. Ҷаҳонгиров ва дастгирии раиси ноҳияи Мастчоҳ Ғайрат Азиззода боз як кӯчаи дигари ҷамоати мазкур мумфарш карда шуд. Кӯчае, ки акнун мумфарш гардид, қаблан яке аз кӯчаҳои харобу ноободи АХД Юсуф Вафо маҳсуб меёфт. Хисравбек Ҷаҳонгиров илҳом аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон медонад ва мегӯяд, ки минбаъд низ баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат ва татбиқи Барномаи ҲХДТ талош меварзад. Ӯ гуфт:

- Бубинед имрӯзҳо дар дилхоҳ гӯшаи Тоҷикистон корҳои созандагӣ дар авҷ ҳастанд. Ҳамаи ин натиҷаи сиёсати созандаи Роҳбарияти олии мамлакат ва махсусан дастгирии Пешвои миллат нисбати соҳибкорон аст. Мо ҳам саъй дорем, ки дар доираи имкони худ ба чунин ташаббусҳои Сарвари давлат пайравӣ намоем, барои пешрафту ободии ватани азиз саҳм гузорем. Дилшод Зокиров, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ ин иқдомро намунаи пайравӣ ба дигар соҳибкорон медонад:

- Вақте нафаре як кори хайру савоб мекунад, бояд ташаббуси ӯро таблиғ кунем, ки намунаи пайравию ибрат бошад. Хушбахтона дар ноҳияи Мастчоҳ сафи чунин соҳибкорони ободкор, ки ҳамчунин узви фаъоли ҲХДТ мебошанд, кам нест. Фахриддин Зокиров, Хисравбек Ҷаҳонгиров, Абдусалом Ҳикматов, Субҳон Ҷумъаев, Ниёзмаҳмад Султонов, Маҳмадраҳим Шарифов ва даҳҳо нафари дигарро метавон ном бурд, ки барои пешрафти соҳоти мухталифи ноҳия саҳм мегузоранд, — мегӯяд Дилшод Зокиров, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ. Воқеан, дар чунин кори савоб, яъне мумфарш намудани беш аз 1, 5 км роҳи маҳаллӣ саҳми узви фаъоли ҳизб Маҳмадраҳим Шарифов низ кам нест.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>