Гуруҳи “Созанда” дар амал

АШТ. Расонидани дасти ёрӣ ба шахсони яккаву танҳо, оилаҳои ниёзманд, собиқадорон, пирону барҷомондагон, ки аз дастуру ҳидоятҳои ҳамарӯзаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад, роҳнамои асосии аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳия маҳсуб меёбад. Наврасону ҷавонон рӯз аз рӯз бо иқдомҳои наҷибу созанда баҳри баланд бардоштани маънавиёти хеш,  воқиф гардидан аз ҳолу аҳволи шахсони эҳтиёҷманд, тарбия дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва амсоли он кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Рӯзи гузашта як гурӯҳ аъзоёни гурӯҳи «Созанда»-и ТҶҶ «Созандагони Ватан» таҳти роҳбарии мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Рузиматов Д. ҷиҳати шиносоӣ бо зисту зиндагӣ ва расонидани ёрии амалӣ ба корҳои хочагидории шаҳрванд Шамсиддинова Насиба сафарбар гардиданд ва ба тозаву озода намудани манзили истиқоматӣ, аз алафҳои бегона тоза намудан ва побел кардани замини кишти он кӯмак расониданд.  Шамсиддинова Н. аз кӯмаки наврасон хушҳол гардида, ин амали некро ғамхориҳо дар партави сиёсати кунунии Ҳукумати Ҷумҳурӣ бо сарварии Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуд ва ба толибилмон миннатдории хешро изҳор кард.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>