Модарони ватанпарвар

ИСФАРА. Занони барӯманди деҳоти Хонобод матонату иродаи тавоно зоҳир намуда, баъди гусели ботантанаи 14 нафар фарзандонашон ба сафи Артиши миллӣ изҳор карданд, ки боз 2 нафари дигарро рӯзҳои наздик ба хизмати Модар-Ватан сафарбар менамоянд. Ин иқдоми наҷиб дирӯз ҳангоми мулоқоти занони деҳа бо масъулини КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара садо доданд. Дар мулоқот муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара  О.Аҳмадов оид ба истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳибдавлативу ватанпарастӣ, пешгирии ҷавонон аз гаравиш ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва саҳми занон дар бунёди давлати воқеъан миллӣ таҳти сарварии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ кард. Мудири бахши занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара Тоҷибоева Фотима оид ба ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои занон, беҳтар намудани шароити рӯзгор ва боло бурдани мақоми зан дар ҷомеа маълумот дод. Собиқадори ҲХДТ Лолохон. Парпиева иштирокдорони ҷамъомадро бо саҳми шоистаи занони номвари деҳоти Хонобод шинос намуда, онҳоро дар “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ба ривоҷи ҳунарҳои халқӣ, ки бештар хоси занони деҳот аст, даъват кард. Котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳоти Хонобод Дилбар Қурбонова иброз кард, ки дар ҳудуди ҷамоат бо ибтикори ташкилотҳои ҳизбӣ пешгирии хонадоршавии бармаҳал, ҷудошавии оилаҳо, донишомӯзию касбомӯзии духтарон дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Занони деҳа дар ҳаёти ҷамъхиятӣ фаъолона иштирок варзида, барои ободонии макони зисташон ҳамарӯза саҳми шоиста мегузоранд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>