Тавоноӣ аз варзиш аст

ХУҶАНД. Бо мақсади тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, омода намудани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, тарғибу ташвиқи ғояҳои инсондӯстӣ ва хештаншиносӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим санаи 25 апрели соли 2018 мувофиқи нақшаи якҷоягии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, Ташкилоти ҷамъиятии «Ҳомии Ваҳдат» ва «Сипари Сулҳ» мусобиқаи ҳарбӣ – варзишӣ бахшида ба 73 – солагии Иди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон байни донишҷӯёни омӯзишгоҳҳо касбии техникии шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Мусобиқаи ҳарбӣ – варзишӣ аз рӯи 6 намуд вазнкашӣ, вазнбардорӣ, ҳаво додани норинҷак, кашидани арғамчини даставӣ, давидан ба масофаи 100м ва тайёрии сафороии ҳарбӣ баргузор гардид. Дар натиҷа, Муассисаи давлатии таълимии Литсейи касбии техники  сохтмони шаҳри Хуҷанд ҷои сеюм, Муассисаи давлатии таълимии Литсейи касбӣ — хизматии шаҳри Хуҷанд ҷои дуюм ва Муассисаи давлатии таълимии Литсейи касбӣ — политехникии шаҳри Хуҷанд ҷои аввалро ишғол намуданд. Дар охир, дастаҳои ғолиб бо Ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ аз тарафи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва Ташкилоти ҷамъиятии «Ҳомии Ваҳдат» ва «Сипари Сулҳ» мукофотонида шуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>